Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Устувории оила-рушди ҷомеа

Устувории оила-рушди ҷомеа

16 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Устувории оила-рушди ҷомеа» баргузор гардид.
Муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Арзигул Турсунова маҳфилро оғоз намуда, дар мавзӯи «Оила ва нақши ҷамъиятии он» суханронӣ намуд. Номбурда афзуд, ки барои тарбияи ҷавонони муосир воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла интернет таъсиррасон аст. Зеро маҳз бархе аз ҷавонон аз сабаби ноогоҳию дониши казоӣ надоштанашон фирефтаи гурӯҳи муайяне мегарданд, ки тавассути интернет онҳоро ба гумроҳӣ мекашанд.
Инчунин донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ М. Каримова дар мавзӯи «ВАО ва таъсири тарбиявии он», донишҷӯи курси якуми ҳамин факултет Б. Эраҷов дар мавзӯи «Тарбия дар оилаи муосир» баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиён байни худ музокира намуданд.


Насрулло Тӯйчизода