Хабарҳо

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-сола шуд
18.05.2016с. Нимаи аввали рӯз дар донишкада аз рӯи нақша-чорабиниҳои кафедраи фанҳои гуманитарӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «10-солагии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-амалии донишкадавӣ доир гардид.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Ашуров Ғ.М. кушода, роҷеъ ба зарурати таҳия ва қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3-юми марти соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, маънидод намуд.
Баъд аз рӯи барномаи конфронс Бозорова С.Ш., д.и.п., профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Татбиқи Консепсияи миллии тарбия - вазифаи муҳимми раванди тарбия дар макотиби олӣ» маъруза карда, дар бораи моҳият, мақсад ва вазифаҳои тарбия дар шароити имрӯза андешаҳои хешро баён сохт.
Мавсуф таваҷҷуҳи ҳозиринро ба амалисозии ҳар кадом унсури таркибии Консепсияи миллии тарбия, ки дар он сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлат дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, бахусус тарбияи насли наврас муайян шудааст, ҷалб намуд. Дар ин баробар бештар тарбияи донишҷӯёни макотиби олии кишварро, ки мухассисони ояндаанд, дар мадди аввал гузошт.
Дар ин чорабинӣ маърузаҳои Давлатова М., сармутахассиси шуъбаи тарбия дар мавзӯи «Дастоварди фаъолияти кураторон дар асоси унсурҳои Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ», Сабуров У., н.и.п., муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ ҳамчун унсури муҳимми Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ», Шоҳайдарова М., донишҷӯи курси 1, ихтисоси менеҷменти инноватсионӣ дар мавзӯи «Нақши Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ дар ташаккули шахсияти ҷавонон» шунида шуд.
Ҳамчунин Чоркулова Н., ассистенти кафедраи мазкур натиҷаи назпурсиашро дар мавриди фаъолияти кураторон ва фаъолияти тарбиявии донишҷӯён тариқи слайд пешкаши аҳли толор намуд.
Сипас, Носиров С.Ш., дотсенти кафедра аз рӯзҳои пеш омадани зарурати таҳияи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бори аввал ба таври консепсионӣ дар мамлакат роҳандозӣ шудани тарбияи миллии мардум ёдовар шуд. Бо нуктаи назари нав дар бораи муҳим будани дигар унсурҳои тарбия: тарбияи инкишофи зеҳнӣ, тарбияи одоби муошират, тарбияи ирода ва мардонагӣ, тарбияи интизоми истеҳсолӣ ва вазифашиносӣ, тарбияи раҳму шафқат, тарбияи тамоюли иҷтимоӣ ва ҳоказо, ки дар тарбия ва бедорсозии сифатҳои неки инсонии насли ҷавон нақши бориз мебозанд, пешниҳоди ҷолиб кард. Дар заминаи ин пешниҳод ба алоқамандони кори таълиму тарбия дар донишкада рӯ оварда, миёни донишҷӯён роҳандозӣ намудани тарбияи тафаккури интиқодӣ, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва тарбияи тарзи ҳаёти солимро аз асоситарин ҷузъҳои таркибии тарбия пиндошт.
Дар музокира профессор В. Воҳидов, мудири бахши тарбияи хобгоҳи донишҷӯён Боймуродов Ҷ. ва чанде аз ширкаткунандагон роҷеъ ба аҳамият ва таъсири корҳои тарбиявӣ баромад карда, ҷиҳати беҳтар кардани одоби муошират ва ахлоқи мутахассисони оянда ақидаҳои хуб пешниҳод карданд.
Дар ҷамъбасти кори ҳамоиши илмии аҳамиятнок мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, дотсент Муллоҷонов А. бо қаноатмандӣ сухан карда, бори дигар 10-солагии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишора намуд ва амалисозии унсурҳои таркибии онро дар фаъолияти таълимиву тарбиявии устодону донишҷӯён муҳим арзёбӣ кард.
Ёдрас мешавем, ки дар конфронс масъулини раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи тарбия, эдвайзерҳои тарбияи факултаҳо, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Саъдулло Носиров