Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Базми ҷавонони ДМИТ

Базми ҷавонони ДМИТ

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани «Даҳ рӯзи ҷавонон» дар доираи таҷлили Рӯзи оила, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20 майи соли равон дар донишкада базми фарҳангӣ-фароғатӣ ва озмуни умумидонишкадавии «Гулдухтарони донишкада» баргузор гардид.
Дар он меҳмонон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок ва баромад карданд.
Сараввал бо нутқи табрикотӣ муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров баромад карда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайримкон аст. Аз ин ҷост, ки ҳукумати кишвар барои рушди ҷавонон пайваста нақшаву тадбирҳои манфиатовар тарҳрезӣ мекунад. Яке аз иқдомоти бузурге, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто амалӣ намудаанд, ин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои давлатӣ, ҳамчунин ҷорӣ кардани квотаи президентӣ барои ҷавонони болаёқат мебошад. Албатта, ин дастгирӣ ҷавононро ҳушдор месозад, ки дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва зиракии сиёсӣ ба камол расида, ҳамеша дар пайи мукаммал сохтани сатҳи дониши хеш бошанд.
Баъдан ҷонишини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Азиз Одинаев баромад карда, таҷлили Рӯзи ҷавононро дар арафаи баргузории маъракаи муҳимми сиёсӣ - Раъйпурсии умумихалқӣ фоли нек дониста, ҷавононро ба ташаббускориву созандагӣ даъват намуд ва ба чанде аз устодон-аъзоёни ҲХДТ ва донишҷӯёни фаъол Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-ро супорид.
Зимни сухани табрикотиаш Давлатзода Абдулло Давлат, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино иброз дошт, ки ҷавонон воқеан имрӯз неруи созандаи кишвар буда, таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбари олии мамлакат ба ҷавонон ба хотири ояндаи ин кишвар аст. Ҳукумати ҶТ соли ҷорӣ ба хотири боз ҳам ташаккул додани шахсияти ҷавонон Нақша-чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» зери унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли соҳибистиқлолии кишвар»-ро қабул кард ва имрӯз давраи амалинамоии он дар ҳудуди кишвар шуда истодааст. Ва чорабинии имрӯза низ дар доираи он гузаронида мешавад, гуфт Давлатзода А. ва барои таҷлили бошукуҳи он ба Раёсати донишкада ва донишҷӯён арзи сипос карда, ба чанд нафар омӯзгорону донишҷӯёни фаъол барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синоро тақдим кард.
Тавре иттилоъ дода будем, дар донишкада озмунҳои «Куратори беҳтарин», «Синфхонаи беҳтарин», «Ҳуҷраи беҳтарин» доир гардид ва ғолибони онҳо дар ин чорабинӣ эълон ва бо Дипломи дараҷаҳои гуногун мукофотонида шуданд. Ҳамин тавр, дар озмуни «Куратори беҳтарин» ҷои аввал ба Давлат Иброҳимов, ассистенти кафедраи молия ва муомилоти пулӣ, куратори курси 2, ихтисоси кори бонкӣ, ҷои дувум - Олим Шомуддинов, муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ, куратори курси 2, ихтисоси таъминоти фаъолияти гумрукӣ, ҷои сеюм - Мавзуна Ҳакимова, ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ, куратори курси 2, ихтисоси менеҷменти молиявӣ насиб гардид.
Javonon4001.jpgҒолибони озмуни «Синфхонаи беҳтарин» синфхонаи №109, бинои таълимии №1, ошёнаи 1. – масъул Фотима Қодирова, куратори курси 1, ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт – ҷои якум, синфхонаи № 401, бинои таълимии №3, ошёнаи 4 - масъул Шодиев Куҳзод, куратори курси 3, ихтисоси таҳлили иқтисодӣ – ҷои дуюм; синфхонаи №110, бинои таълимии №2, ошёнаи 1, масъул Акрамова Бибималика, куратори курси 1, ихтисоси иқтисоди ҷаҳон – ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Дар озмуни «Ҳуҷраи беҳтарин» ҷои аввал ба истиқоматкунандагони ду ҳуҷра – 1 ва 136 ба Рамазон Саидов ва Шаҳло Насриддинова, ҷои дувум ба сокинони ҳуҷраи 410 – Ҷовидон Халифаев, ҷои сеюм ба маскунини ҳуҷраи 131 - Меҳрангез Нормаҳмудова дониста шуданд.
Ҳамчунин бо мақсади ҳавасмандгардонӣ устодону донишҷӯёни фаъол бо Ифтихорномаи ДМИТ сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни «Гулдухтарони донишкада» дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иҷрои чор шарт сурат гирифт, ки аз қироати шеър, тайёр намудани хӯришҳо, ороиши мӯйи сар ва намоиши либосҳои миллӣ иборат буд. Донишҷӯдухтарон ҳунару маҳорати худро ба дараҷаи баланд нишон дода, аз уҳдаи шартҳои гузошташуда ба хубӣ баромаданд.
Пас аз анҷом ёфтани шартҳои озмун аъзои ҳакамон – Давлатмо Назарамонова, мудири кафедраи менеҷмент, Арзигул Турсунова, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Савринисо Қодирова, устоди кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ холҳои умумии донишҷӯёнро муайян намуда, ба чунин хулоса омаданд:
Бо гирифтани 57 хол ҷои аввал насиби донишҷӯдухтарони факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, 55 хол - ҷои дуюм насиби факултети ҳисобдорӣ ва омор, ҷои сеюмро донишҷӯдухтарони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва шуъбаи магистратура бо 52 хол соҳиб гардиданд.
Дар маҳфил дастаи ҳаваскорони донишкада бо роҳбарии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар барномаи ҷолиби фарҳангиву фароғатӣ иборат аз суруду рақс, бадеҳа ва саҳначаи ҳаҷвӣ пешкаши аҳли нишаст гардониданд, ки ба дилҳо сурур ва фараҳ афзуд.


Машҳура Абдуллоева