Хабарҳо

Маҳмадраҷаб ҷои якумро гирифт
Магистранти соли дуюм, ихтисоси молияи ДМИТ Маҳмадраҷаб Зулфиқоров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни донишҷӯёни таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ дар вазни 90 кг иштирок намуда, сазовори ҷои 1 гардид.
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 21-22 майи соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи таҷлили «20 рӯзи ҷавонӣ» баргузор гардид. Ба Маҳмадраҷаб аз ҷониби муассиси чорабинӣ – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом ва медал супорида шуд.
Маҳмадраҷаб ҳарифашро аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва дар давраи ниҳоӣ рақиби дигарашро аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мағлуб намуда, ба ин комёбӣ ноил гардид.
Номбурда беш аз 6 сол мешавад, ки ба гӯштин машғул аст ва дар ин ҷода Парвиз Ҷобиров ва Ибодулло Айниддиновро устоди худ меҳисобад.
Насрулло Тӯйчизода