Хабарҳо

Озмуни «Донишҷӯи сол» дар ДМИТ
Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози Истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар ин замина, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки озмуни ҷумҳуриявиро миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Донишҷӯи сол» эълон ва ҷамъбаст намояд.
Мақсад аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии эшон, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифату ташаббускор мебошад.
Озмун дар ду давр баргузор мегардад. Даври аввал дар донишгоҳу донишкадаҳо ва даври ниҳоӣ дар Дастгоҳи марказии Кумита.
Ҳамин тариқ, рӯзи 19 майи соли равон дар ДМИТ озмуни «Донишҷӯи сол» миёни 7 донишҷӯ аз шаш факултети донишкада баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни зерин, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, иштирок карданд. Аз ҷумла Ҳоҷиев Олисомон, донишҷӯи курси 2 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, Воҳидов Алишер, донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Абдулҳаев Маҳмадвалӣ, донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор, Каримов Ашур, донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, Нуров Неъматулло, донишҷӯи курси 3, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, Ҷураева Наргис ва Амонова Дилнора, донишҷӯёни курси 2 аз факултети молия ва қарз.
Донишҷӯён дар назди аъзои ҳакамон аз рӯи шартҳои зерин қувваозмоӣ намуданд: худмуаррифӣ бо слайд-презентатсияҳо, саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯъҳои ихтисосӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, навиштани кори хаттӣ дар мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон.
Дар натиҷа, аз байни довталабони озмун Амонова Дилнора ғолиб дониста шуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Х. Муҳиддинов