Хабарҳо

Имкониятҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҳолатҳои иқтисодиёти номуайян
Санаи 21 майи соли равон дар донишкада маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар он масъалаҳои назария ва амалияи раванди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, заминаҳои илмию омӯзишии бартараф кардани мушкилиҳои рушд дар шароити иқтисодиёти номуайян ва усулҳои татбиқи онҳо барои иштирокчиён пешниҳод гардонида шуд.
Муовини ректор оид ба илми донишкада Ашуров Ғ кори маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, аҳли иштирокчиёни онро бо муҳтавои мавзӯъ шинос кард. Таваҷҷуҳи ҳозиринро дар заминаи тақвият додани тадқиқотҳои илмӣ дар робита ба сайъу талошҳои ҳукумати кишвар ва донишкада дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҷалб намуд. Ҳамзамон мавзӯи баррасишаванда ҳамчун маҳсули ҳамкориҳои илмии тадқиқоти байни донишкадавӣ маънидод шуд.
Дар маҳфил дар мавзӯи «Роҳҳои ҳимояи ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити иқтисодиёти номуайян» аз нигоҳи методологӣ ва моделсозии онҳо маърӯзаҳо аз тарафи мудири кафедраи иқтисодиёти соҳибкории ДСХТ, дотсент Мамадалиев Ф.С ва дотсенти кафедраи суғуртаи ДМИТ Маъдиев С. пешниҳод гардид.
Чунонки Мамадалиев Ф.С дар баромади хеш иброз дошт, ки асоси ташаккул додани ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши ин масъала дар шароити номуайянии талаботи бозор, заиф будани номаълумии нархи бозор ва норасоии маълумоти лозимӣ дар ҳамин самтҳо мебошад. Таъмин гардонидани идоракунии онҳо дар мамлакат бо механизм ва фишангҳои миллӣ алоқаманд гардонида шудааст. Чунин амалҳо бештар дар заминаи тағйирёбии манфиатҳои умумимиллӣ ва дар таносуб бо манфиатҳои шахсӣ барои пешравӣ ба роҳ монда мешавад. Дар баробари ин заминаҳои навсозию дигаргунии мамлакат торафт авҷ гирифта, зарурати коркарди роҳҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамият пайдо кардааст.
Дотсент Маъдиев С. дар баромади худ қайд намуд, ки бо назардошти вазъи номуайяни навигариҳои омӯзиши таркибии манфиатҳои миллӣ ин гуна вазъият дорои хавф буда, аз ҳар ҷиҳат муносибати моделсозиро талаб мекунад. Номуайянӣ ин, пеш аз ҳама, зуҳурот ба шумор рафта, сабати вазъиятиеро дар бар мегирад, ки алоқамандии мутақобилавии унсурҳои таркибии он якдигарро инкор менамояд ва боиси дар оянда сар задани хавф мегардад. Яъне ҷараёнеро ташкил медиҳад, ки дар ҳолати бесалоҳиятии касбӣ қабули қарори ғайрисамаранокро ба амал меорад.
Ҳамин тавр, мавзӯи баррасишаванда ба самте нигаронида шуда буд, ки ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ асоси иқтисодӣ дошта, дар ҳолати номуайянӣ мо бояд аз нишондиҳандаҳои бештар истифода барем, ки онҳо аз ҳисоби таҳлил ва хулосабарориҳои мушаххас ҳифзи манфиатҳои миллиро таъмин карда тавонанд. Чунин нуктаи назар аз нигоҳи усулҳои мушаххаси иқтисодӣ бо маълумотҳои омили демографӣ ва молиявӣ баррасӣ гардид.
Дар музокира дотсентон Чилляев М.Ч. (ДСХ), Убайдов Ф, Муқимов Қ, Убайдуллоев Ф. иштирок намуда, дар мавриди пеш гирифтани роҳҳои нави истифодаи моделҳои иқтисодӣ, ба эътибор гирифтани мушкилиҳои рафъи номуайянии иқтисодӣ дар мавқеъгирии Тоҷикистон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ андешаҳои худро баён карданд.
Саъдихоҷа Маъдиев
котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»