Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили Иқтисодчиёни ҷавон

Маҳфили Иқтисодчиёни ҷавон

24.05.2016. Имрӯз таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Давлатмамад Балхов маҳфили илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён «Иқтисодчиёни ҷавон» дар мавзӯи «Масъалаҳои дастгирии давлатӣ ва инкишофи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Маҳфилро дотсенти кафедра Шайқул Ҳамроқулов оғоз карда, барои рушди иқтисоди кишвар ташкили корхонаҳои истеҳсолиро муҳиму саривақтӣ ҳисобид.
Сипас Ҷумахон Булбулов, донишҷӯи курси 2, факултети ҳисобдорӣ ва омор дар маърӯзааш лоиҳаи инноватсионии «Корхонаи хурди консервабарорӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин»-ро мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар ҳолати амалишавии лоиҳаи мазкур метавонем маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаро, ки аз шарбати меваҳои гуногун, мураббо, карамел ва кулчақандҳои гуногуни мевагӣ иборат аст, ба мардуми минтақа ва ба кишварҳои дуру наздик содир намоем ва буҷаи кишварро ғанитар гардонем, гуфт номбурда.
Ҳамзамон Ҷамшед Тағоев, донишҷӯи курси 1, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ доир ба лоиҳаи бузурги минтақавии «CASA - 1000» ибрози андеша намуд.
Номбурда афзуд, ки «CASA-1000» барои тамоми минтақа, ҳатто пайваст кардани Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ дар оянда бо Шарқи Наздик ва ташкили шабакаҳои дигари барқӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз тарафи дигар, аҳамияти он барои Осиёи Марказӣ дар он аст, ки дар оянда бо ташкили ҳамин шабака метавонанд кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ ба ин шабака ҳамроҳ шаванд.
Дар охир, миёни маърӯзачиён ва иштирокчиёни маҳфил мубоҳиса сурат гирифт.


Хусрав Ғиёсиддинзода