Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташаккули фарҳанги хонаводагӣ

Ташаккули фарҳанги хонаводагӣ

Рӯзи 26 майи соли равон дар донишкада маҳфиле баргузор шуд, ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо» ташкил шуда буд. Дар он Бибиҳафиза Маҷидова, д.и.п., профессор, Маҳмадулло Давлатов, равоншинос, Шоираи Раҳимҷон, шоира, Фирӯза Саидова, рӯзноманигор ва кормандони ташкилоти мазкур Гулнора Аҳророва ва Зарина Кенҷаева иштирок ва суханронӣ карданд. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи «Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» доир гардида, дар он масъалаҳои бартараф ва пешгирӣ кардани мушкилоти зӯроварӣ дар оилаҳо, муҳаббату эҳтироми ҳамдигарӣ ва сабру таҳаммул асоси устувории оилаҳои ҷавон, сабабҳои пошхӯрии оилаҳо, навъҳои хушунат, поймол шудани ҳуқуқи аъзоёни оилаҳо, муросо ва муносибат дар хонавода ва дигар масъалаҳои марбут ба фарҳанги хонаводагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шоираи Раҳимҷон аз ашъори тозаэҷодаш вобаста ба ин мавзӯъҳо шеърҳо қироат кард.
Дар охир, викторина доир ба паҳлуҳои гуногуни зӯроварӣ дар оила доир гардид ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ташкилоти ҷамъиятии маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо» соли 2004 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Ин марказ аз тарафи Конфедератсияи Шветсария маблағгузорӣ карда шуда, мақсади асосии он ин расонидани кумак ба занони ҷабрдида мебошад.


Машҳура Абдуллоева