Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рафъи хатарҳо аз тариқи суғурта

Рафъи хатарҳо аз тариқи суғурта

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи суғуртаи ДМИТ конференсияи илмӣ-назариявии донишкадавӣ дар мавзӯи «Роҳҳои гузариш аз сохти аграрӣ – индустриалӣ ба сохти индустриалӣ – аграрии иқтисодӣ: рафъи хатарҳо аз тариқи суғурта» баргузор гардид.
Конфренсияро муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ин соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дар давоми 15 соли охир 42 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуда, айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар ҷаласаи пленарӣ Фаридун Сафаров, сармутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавии Хадамоти назорати давлатии суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Мақоми суғурта дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат» маъруза кард.
Яке аз сабабҳои рушди нокифояи соҳаи суғурта дар кишвар ба хулосаи коршиносони соҳа ин набудани мутахассисони баландихтисос ва рақобат дар бозори суғурта мебошад, гуфт мавсуф. Қобили тазаккур аст, ки бахши рушдёфтаи суғурта густариши фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти соҳибкориро таъмин менамояд. Тавассути суғурта роҳандозии маблағҳои андухташуда барои рушди иқтисодиёти миллӣ амалӣ гардонида шуда, суғурта функсияи сармоягузориро иҷро мекунад. Агар хулоса карда гӯем, дар қатори соҳаҳои дигар иқтисодиёт яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот рушди бахши суғурта маҳсуб меёбад, афзуд номбурда.
Ҳамзамон Ёров Ҷамшед, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи туризми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши туризм дар иқтисодиёт ва ё нақши иқтисодиёт дар ташаккули туризм» суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар замони муосир дар шароите, ки ҷараёнҳои ҳамгироӣ ва ҷаҳонишавӣ бо суръат идома дорад, туризм ба яке аз самтҳои афзалиятноки таркиби хоҷагии миллии як қатор кишварҳо табдил ёфтааст. Он барои пешбурди соҳаи иқтисоди кишварҳо саҳми сазовор дорад. Аммо рушди туризм дар кишварамон он қадар чашмрас нест. Барои рушди туризм дар кишвар бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд, гуфт Ёров Ҷ.
Ҳамчунин Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 2, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар мавзӯи «Мақоми энергетика дар таъмини заминаи индустриалигардонии кишоварзӣ» баромад кард.
Баъдан конфронс дар бахши молия, қарзи бонкӣ, фаъолияти суғурта, иқтисод ва идора идома ёфта, дар он маърузаҳои гуногун дар ин самт шунида шуд.


Хусрав Муҳиддинов