Хабарҳо

Тоҷикистон ба коркарди стандартҳои миллӣ ниёз дорад
30 май дар донишкада бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи аудит ва ревизия мизи мудаввар дар мавзӯи «Амалисозии стандартҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.
Онро ноиби ректор оид ба илм Ғ. Ашуров ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки истифодаи самараноки стандартҳои байналмилалии аудит барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Сипас, Сироҷиддин Мирзохонов - дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои стандартҳои байналмилалии аудит ва коркарди стандартҳои миллии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард. Номбурда зикр намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба коркарди стандартҳои миллӣ ниёз дорад. Инчунин афзуд, ки кишвари мо бояд узви Федератсияи байналмилалии муҳосибӣ гардад ва аъзоҳаққӣ супорад. Инчунин дар асоси омӯзиши амиқи стандартҳои байналмилалӣ стандартҳои миллӣ коркард шаванд. Дар ин самт ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои аудиторӣ кумак расонида метавонанд.
Валимад Мавлонов - сармутахассиси Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва робитаҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мақсадҳои асосии аудитори мустақил ва гузаронидани аудит тибқи стандартҳои байналмилалӣ» маъруза намуд. Изҳор гашт, ки ҳадафи асосии таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахшии идоракунӣ дар кишвар мебошад. Имрӯз аз ҷониби ин мақомоти олии назорати молиявӣ 8 стандарти миллӣ дар ҳоли коркард қарор дорад.
Дар фарҷом, ба баромадкунандагон саволҳо дода шуда, музокираҳо сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода