Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштирок дар лексияи кушод

Иштирок дар лексияи кушод

Рӯзи 25 майи соли 2016 дар «Маркази Вефа»-и ш. Душанбе дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии идораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати байналмилалии рушди Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад, лексияи кушод дар мавзӯи «Менеҷменти молиявӣ: сиёсати диведендӣ ҳамчун воситаи макзимизатсияи арзиши бозории корпоратсияҳо» баргузор гардид.
Лексияи мазкур аз ҷониби коршиноси соҳаи молия Самиев Сарвар пешниҳод карда шуда, он асосан масъалаҳои идоракунии молиявӣ, пешниҳоди назарияҳои мавҷудбуда дар ин самт, сиёсати дивидендӣ, алоқамандии сиёсати дивидендӣ бо арзиши дороиҳои молиявиро дар бар мегирифт.
Ҳамзамон қайд кардан бамаврид аст, ки дар лексияи мазкур натиҷаҳои тадқиқот дар самти дивидендҳо ва таъсири онҳо ба арзиши дороиҳои молиявии корпоратсияҳо пешниҳод карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар лексияи мазкур устодони кафедраи менеҷменти молиявии ДМИТ Мирзоева Е., Ҳакимова М.С. ва ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Боймуродов Ҷ. фаъолона иштирок намуданд.