Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пирӯзии варзишгарони мо

Пирӯзии варзишгарони мо

Боз як навиди варзишӣ. Донишҷӯи курси 4, ихтисоси бозори фондии факултети молия ва қарз Яъқуб Наимов дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «гӯштини тарзи озод» дар вазни 97 кг ҷои аввалро соҳиб гардид. Мусобиқаи мазкур ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 то 29-уми май бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид.
Ҷои ифтихор аст, ки Яъқуб Наимов соли дувум аст, ки дар Спартакиадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойи якум мегардад.
Инчунин чанд нафар варзишгарони ҷавон дар ин мусобиқа дастболо шуданд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 3, факултаи молия ва қарз Шамсиддин Сайфуддинов аз рӯи намуди «гӯштини миллӣ» дар вазни 75 кг сазовори ҷои 3-юм ва донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омор Маснавӣ Дастамбӯев дар вазни 70 кг низ сазовори ҷои 3-юм шуданд. Ба ғолибон диплом ва медал супорида шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин варзишгарони ғолиб шогирдони устоди варзиш, муаллими калони кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ Ибодулло Айниддинов мебошанд.


Насрулло Тӯйчизода