Хабарҳо

Муҳокимаи кори илмӣ
Рӯзи 31 майи соли равон дар кафедраи назарияи иқтисодӣ муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии ду нафар унвонҷӯи кафедра баргузор гардид. Ин Убайдуллоев Фаридулло Каримович дар мавзӯи «Саҳми имом Абуҳанифа дар рушди афкори иқтисодии исломӣ» аз рӯи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ (назарияи ақидаҳои иқтисодӣ). Роҳбари илмӣ д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. ва Умаров Наврузбек Нуруллоевич дар мавзӯи «Асосҳои назариявии рушди раванди муҳоҷирати қувваи корӣ дар шароити иқтисоди гузариши ҶТ» аз рӯи ихтисоси 08.00.01 – назарияи иқтисодӣ (назарияи иқтисодии умумӣ). Роҳбари илмӣ н.и.и., дотсент Сафаров Б.Г.
Тавре Убайдуллоев Ф. дар баромадаш қайд кард, аҳамияти мавзӯи таҳқиқ, пеш аз ҳама, аз нишондодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ҳанӯз соли 2009-ум дастур дода буд: «Корномаи ин шахсияти бузург ва нобиғаи асил дар дунёи илму маонӣ то ба ҳанӯз асрори зиёди нокушуда дорад, ки пажӯҳиши доманадорро тақозо менамояд». Сониян, то имрӯз дар адабиёти илмӣ таҳқиқоти ҳамаҷонибае оид ба мероси илмии имом Абуҳанифа, бахусус, ҷанбаҳои иқтисодии афкори ӯ ва сатҳи таъсири онҳо ба раванди таърихии ташаккули афкори иқтисодии исломӣ сурат нагирифтааст. Солисан, азбаски дар замонҳои охир буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ зуд-зуд рух медиҳанд, инсоният пайваста дар ҷустуҷӯйи роҳу усулҳои иловагии хоҷагидорӣ буда, аз ин рӯ маъруфияти чунин назарияҳои дар нигоҳи аввал аҷиб, мисли иқтисоди исломӣ меафзояд. Бинобар ин, зарурати таҳқиқоти ҳамаҷонибаи мероси илмии имом Абуҳанифа, ки дар нуқтаи оғози ташаккули афкори илмии исломӣ қарор дорад, возеҳу равшан ба назар мерасад.
Навоварии илмии кори мазкур дар он аст, ки бори нахуст таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси илмии имом Абуҳанифа ҷиҳати тавзеҳи вижагиҳои афкори иқтисодии ӯ ва сатҳи асарбахшии он ба рушди минбаъдаи назарияи иқтисоди исломӣ сурат мегирад, гуфт мавсуф.
Баъдан ба диссертант доир ба кори анҷомдодашуда ҳозирин суол дода, ба онҳо посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Умаров Н. дар баромадаш қайд кард, ки дар давраи гузариши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷират яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти ҳар як нафар маҳсуб меёбад. Бинобар ин муайян кардани асосҳои назариявии бозори қувваи корӣ, моҳияти равандҳои муҳоҷират ва ҳаракати қувваи корӣ дар ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад, гуфт мавсуф.
Дар муҳокимаи кори диссертатсионӣ ҳозирин ба диссертант саволҳо доданд ва ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.
Кори ҳар ду диссертант аз тарафи ҳозирин баҳогузорӣ карда шуда, баъзе камбудиҳои ҷузъии корҳо барои ислоҳ номбар карда шуданд.
Ҳамин тавр, кори ҳар ду унвонҷуй бомуваффақият дар муҳокимаи пешакӣ дифоъ карда шуд.
Абдуллоева М.