Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дӯстдорони табиати ДМИТ

Дӯстдорони табиати ДМИТ

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист (5 июн), 2 июни соли ҷорӣ дар донишкада дар байни факултетҳо ва шуъбаи магистратура озмун таҳти унвони «Дӯстдорони табиат» гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории озмун муайян намудани беҳтарин ҳифзкунандагони табиат, такмили асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифат ва тарбияи экологӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии нав, бо дарназардошти мақсадҳои стратегӣ дар самти тараққиёти иқтисодии мамлакат дар замири донишҷӯён ба вуҷуд овардани тафаккури экологӣ-иқтисодӣ, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва ноил шудан ба мувофиқати он ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар озмун 5 факултет ва шуъбаи магистратура иштирок карда, ҳама аз рӯи низомномаи озмун гӯшаҳои табиат ва дигар дастовардҳои худро ба маърази тамошо бароварданд ва барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист пешниҳодҳои мушаххас низ карданд.
Бо мақсади баҳогузорӣ ба гӯшаҳои омодагардида ва муайян намудани ғолибони озмун аъзои ҳакамон дар ҳайати Орифҷонова Вазира, Мадислом Раҳмонов, Машҳура Абдуллоева, Одилҷон Улуғов ва Раъно Қузиева озмунро аз рӯи шартҳои муаррифии гӯша, қироати шеър дар васфи табиат, викторинаи биологӣ-экологӣ ва навиштани иншо дар мавзӯи «Табиати Тоҷикистон» маҳсули кори донишҷӯёнро мавриди санҷиш қарор дода, ғолибонро муайян карданд.
Ҳамин тавр, ҷои аввал насиби факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ва шуъбаи магистратура, ҷои дуюм ба факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор ва муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҷои сеюм бошад, ба факултети молия ва қарз ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт муносиб дониста шуд.


Хисрав Муҳиддинов