Хабарҳо

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МУБОРАК!
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон - моҳи раҳмату шафқат ва мағфирату саховатро барои кулли кормандону устодон ва донишҷӯён муборакбод мегӯям.
Моҳи муқаддаси Рамазон моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо ва ҳамчунин имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии дилу ният аст. Рӯза аз муҳимтарин аркони дини мубини Ислом маҳсуб меёбад ва бо ҳама фазилатҳояш иродаи инсонҳоро қавӣ сохта, неруи пойдории онҳоро меафзояд ва меҳру муҳаббатро дар дилҳои эшон бедор ва ваҳдати миллиро таҳким месозад.
Фазилати дигари неки моҳи шарифи Рамазон ин ба ҷо овардани амалҳои хайр, аз қабили эҳсону садақа ба муҳтоҷону ниёзмандон, маъюбон, аёдати шахсони ранҷур ва бемор ва ҳамчунин аз дилҳо берун кардани кинаву адоват мебошад, ки савоби бештаре дорад. Ин корҳои неканҷом ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии мо маҳсуб мегарданд ва ифодакунандаи олиҳимматии мусалмонон аст.
Бо ниятҳои нек, дар оғози ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо аз даргоҳи Яздони пок тандурустиву саодати рӯзгор, офияти комил ва хонаи ободу осударо орзу намуда, хоҳони онам, ки амалҳои хайру савоби ҳар кадоми шумо афзунтар гардад.
Ректори донишкада Солеҳзода А.А.