Хабарҳо

Як нафар номзади илм афзуд
Боиси ифтихор аст, ки сафи номзадони илм дар донишкада ба як нафар афзуд. Рӯзи 9 июни соли равон Шарбатов Баҳодурҷон Ҷурахонович, устоди кафедраи андоз ва андозбандии донишкада дар Шӯрои диссертатсионии якҷояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар мавзӯи «Формирование и реализация региональной соционально-экономической политики (на материалах Республики Таджикистан)» зери роҳбарии д.и.и дотсент Файзуллоев М.Қ ва н.и.и., дотсент Бегматов А.А. аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.
Бо ин музаффарият Шарбатов Баҳодурҷонро муборакбод намуда, барояш тансиҳатӣ, хонаободӣ ва парвозҳои нави эҷодиро таманно дорем.