Хабарҳо

Ваҳдат - пояи миллат
Бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ 20 июни соли ҷорӣ кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ташаккули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир намуд.
Мизи мудавварро мудири кафедра Сайдалӣ Ҳаитов ҳусни оғоз бахшид.
Сипас устоди кафедра, дотсент Навоиддин Носиров доир ба инкишофи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус баъд аз ба созиш омадани миллати тоҷик дар давраи пойдории ваҳдати миллӣ ибрози андеша кард.
Ҳамзамон профессори кафедраи иқтисод ва идора Ваҳоб Воҳидов қайд намуд, ки маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковат ва кордониҳояш тавонист халқи тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ ва парокандагӣ бо роҳи ба созиш овардани тарафҳои даргир ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ наҷот диҳад, гуфт профессор.
Ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Сулаймон Дӯстов роҷеъ ба инкишофёбии қонунгузории соҳаи соҳибкорӣ дар давраи истиқлолият то ба имрӯз маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Дар фарҷом гуфта шуд, ки ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳи кишвар ин оромиву сулҳу суботро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, барои таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад.
Хисрав Муҳиддинов