Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ваҳдат сарчашмаи муваффақиятҳост

Ваҳдат сарчашмаи муваффақиятҳост

Дар таърихи 22 июни соли ҷорӣ кафедраи фанҳои гуманитарӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор намуд.
Онро мудири кафедра Асадулло Муллоҷонов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нишонаи хиради азалӣ ва миллати сулҳдӯсту тамаддунофар будани тоҷикон аст.
Онро минтақаҳои ҷангзада ҳамчун намунаи ибрат мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, ки ин, албатта, барои миллати мо мояи ифтихор аст, гуфт Муллоҷонов А.
Сипас ассистенти кафедра Ҳасан Бойназаров дар мавзӯи «19 соли дастоварди ваҳдат дар қаламрави тоҷикон» маърӯза намуда, роҷеъ ба роҳи тайнамудаи халқи тоҷик дар тӯли 19 соли Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва нақши он дар бозсозии рушди иқтисодӣ, тафаккури фарҳангӣ, инкишофи санъат, муносибатҳои байналхалкӣ, арзишҳои миллӣ ва ғайра андешаронӣ кард.  
Тинҷиву оромӣ, сулҳу амоние, ки имрӯз мардуми тоҷик зери сояи он аз пайи кору пайкори хеш ҳастанд, маҳз аз баракати Ваҳдати миллист, қайд гардид дар фарҷоми семинар.


Хисрав Муҳиддинов