Хабарҳо

Устодон, кормандон ва донишҷўёни азиз!
Бо арзи самимияти беандоза 19-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон бароятон муборакбод мегўям. Бароятон сарсабзӣ, хонаободӣ ва комёбиҳои беназирро дар роҳи ободии кишвар ва фаъолиятатон таманно дорам.
Сулҳи тоҷикон дастоварди нодири охири асри бист ва қарни ҳозир маҳсуб меёбад. Қаҳрамони аслии ин сулҳ мардуми шарафманди тоҷик аст, зеро сулҳ дар фарҳанги миллӣ масъалаи асил ва решадорест, ки иртиботу пайванди ногусастанӣ бо табиати созандаву бунёдгароёнаи аҷдодони мо дорад.
Ҷамъияти инсонӣ ба дарозои таърихи худ исбот намудааст, ки осудагию оромии мардум танҳо дар муҳити иттиҳодӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдат на танҳо арзиши миллӣ, балки болотар аз он арзиши умумиинсонӣ буда, барои ҳар макону ҳар замон рукни арзишманд аст.
Ваҳдат таҷассумгари якпорчагии кишвар ва якдилии сокинони он буда, мавриди робитаи ҳамдигарӣ ва фатҳи қуллаҳои нав, таконбахши азими талошҳои мост. Бо чунин арзиш мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, устувории онро дар муҳити хонавода ва ҷомеа нигаҳ дорем.
Хоҳони онам, ки иттиҳоду ваҳдати мо мустаҳкам бошад ва дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон бахшад.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак!
Ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода