Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ваҳдати миллӣ-омили муҳимми пешрафт

Ваҳдати миллӣ-омили муҳимми пешрафт

Бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 22 июни соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ташаккули мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мудири кафедра Мираков Қ. чорабиниро оғоз намуда, дар бораи кӯшиш ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдор гардонидани созиши тоҷикон дар даврони ҳассос ва мудҳиш, инчунин минбаъдаи он то ба имрӯз суханронӣ кард.
Бузургтарин дороӣ ва дастоварди миллати тоҷик, ки дар даҳсолаи охири асри XX насибамон гашт, ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бахту саодат, омили муҳимми пешрафт ва инкишофи давлату давлатдории миллӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Ҳамаи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии тайи 19 соли Ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон ба амаломада аз файзи ваҳдат ва меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик дарак медиҳад, гуфт мавсуф.
Сипас устоди кафедра Ҳалимхонов З. вобаста ба ташаккули мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон полковники хадамоти гумрук Маҳмадзода Ҳайдар дар ин чорабинӣ иштирок ва доир ба дастовардҳои мақомоти гумрук дар давоми 19 соли Ваҳдати миллӣ андешаронӣ кард.
Дар охир қайд гардид, ки аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи давлатиро зарур аст, ки барои пойдориву ҷовидонии давлатамон, мустаҳкам кардани аркони давлати навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва баланд бардоштани мақому обрӯи Ватани азизамон ҳарчи бештар саъю талош намояд.


Зафар Ҳалимхонов
ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ