Хабарҳо

Таҷассуми фазои сулҳу ваҳдат
Ба муносибати 19-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рӯзи 24 июни соли равон дар донишкада ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров кушода, аҳли толорро аз номи Раёсати донишкада бо Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод ва моҳияту аҳамияти ваҳдати миллиро барои мардуми тоҷик муҳим арзёбӣ карда, афзуд, ки маҳз ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон устувортар гардад ва халқ ба ояндаи хеш боварӣ пайдо кунад. Ба шарофати ваҳдати миллӣ кишвари мо тавонист ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузорад ва он асоси бозсозӣ, рушди иқтисодӣ ва таъмини суботи сиёсии кишвар мебошад.
Ба шарофати хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ваҳдати миллӣ расидем ва имрӯзҳо рисолати ҳар яки мо ин аз таърих сабақ гирифтан ва бо фаъолияти густурда ва амалу корҳои шоиста таҳким бахшидани ин неъмати бебаҳост, хулоса намуд Хайров Ш.
Баъдан Саид Ахмедов, аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аҳли нишастро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи мафҳуми ваҳдати миллӣ ва моҳияти он ба ҳозирин андешаҳояшро баён намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки ваҳдат як шиоре нест, балки он уфуқест, ки миллатро ба сӯи худ даъват менамояд. Арзишҳои миллӣ ва забон унсурҳои асосии ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд. Агар ҳар як нафар арзишҳои миллиро муқаддас донад, бешубҳа, ваҳдати миллӣ таҳким меёбад ва ягон омили беруна, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ ба он таъсире расонда наметавонад.
Баъдан Ҳасан Бойназаров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои ваҳдати миллӣ» маъруза кард. Ҳамчунин Ваҳҳоб Воҳидов, профессори кафедраи иқтисод ва идора ва яке аз иштирокчиёни гуфтушунидҳои тарафҳои мухолифин дар бораи ҷараёни онҳо хотироташро нақл кард.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки нақш ва таъсири Ваҳдати миллӣ барои мардум беандоза бузург аст, зеро он давлатдории миллии моро ба сатҳи сифатан нави рушд баровард. Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон асоси ифтихори ватандорӣ буда, кору пайкор, иқдому нияти неки ҳар нафар барои рушди кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ бояд нигаронида шавад.
Хуллас, ҳамоиши мазкур бозгӯи фазои сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа буда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ таконе бахшид.
Машҳура Абдуллоева