Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ШО: Натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи ДМИТ

ШО: Натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи ДМИТ

01.07.2016с. Нимаи аввали ҳамин рӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои олимон бо иштироки аъзоёни ШО, аҳли меҳнати бисёрнафараи устодону профессорон, кормандон ва дигар масъулини сохторҳои ДМИТ баргузор гардид. 
Дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон чор масъалаи асосӣ ва як масъалаи ҷорӣ пешбинӣ шуда буд:
1. Дар бораи натиҷаи қабули имтиҳони давлатӣ дар соли таҳсили 2015-2016 дар ДМИТ;
2. Дар бораи натиҷаи фаъолияти ДМИТ дар шашмоҳаи дуюми соли 2016 ва вазифаҳо барои шаш моҳи минбаъдаи соли 2017;
3. Тасдиқи сарбории таълимӣ ва ҷадвали воҳиди кории ҳайати профессорону омӯзгорони ДМИТ барои соли таҳсили 2016-2017;
4. Ҳисобот оид ба иҷрои нақшаи кории ШО дар соли таҳсили 2015-2016;
5. Масъалаҳои ҷорӣ.
Раисикунанда, ректори донишкада муҳтарам Солеҳзода А.А. ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, дар масъалаи якуми рӯзнома деканони факултаҳоро барои баррасии ҳисоботи раисони комиссияҳои аттестатсионии давлатӣ (КАД) ба минбар даъват намуд. 
Деканҳои факултаҳо: Давлатов Х., Нуралиев А., Шарипов Ҷ., Попов Н., Шералиев Э. ва Нуриддинов С. (муовини декан) як-як ҳисоботи раисони КАД-ро, ки дар факултаҳо аз хатмкунандагони имсола имтиҳони давлатӣ қабул карданд, ба самъи ҳозирин расониданд. 
Sho4001.jpgДар анҷоми масъалаи мазкур ректор Солеҳзода А.А. вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва норасоиву эродҳои аз сӯи раисон дар ҳисобот дарҷгашта аз масъулини факултаҳо пурсон шуда, барои рафъи ин эроду камбудиҳо ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.  
Дар баррасии масъалаи дуюми рӯзнома – Натиҷаи фаъолияти ДМИТ дар шашмоҳаи дуюми соли 2016 ва вазифаҳо барои шаш моҳи минбаъдаи соли 2017 ректори донишкада А. Солеҳзода баромад карда, фаъолияти ҳамаҷонибаи ДМИТ-ро мавриди таҳлил қарор дод. Дар ҳисоботи ректор бурду бохти паҳлуҳои фаъолияти таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, тарбиявию ташкилӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва фаъолияти хоҷагӣ ва молиявӣ мушахасан дарҷ ёфтанд, ки сабабҳои бавуҷудоии камбудиҳову норасоиҳоро дар ин самтҳо возеҳу равшан қайд кард. Аз ҷумла, дар хусуси омилҳои сарзанандаи ин сабабҳо ва роҳҳои ҳалли ин мушкилоту камбудиҳо тавсияҳо дода шуд.  
Дар ин баробар, дар бораи нигоҳ доштани рейтинги феълии донишкада ва талош варзидан барои ишғоли ҷои намоёнтар миёни МТОК дар ҷумҳурӣ, соҳибшавӣ ба мақоми Донишгоҳ, ҷалби бештари устодони касбии унвондор, кор бо муаллимони ҷавони кафедра ва амсоли ин ибрози ақида карда шуд. 
Дар боби беҳтар гаштани вазъи таълим, сатҳу сифати дониш, пешравиҳои корҳои тарбиявӣ, варзиш – ба даст овардани музаффарият ва чемпион шудани варзишгарони донишкада, иштироки фаъол дар озмуну олимпиадаҳои донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ,  мулоқоту вохӯриҳои судманди ташкилоту мақомотҳои дахлдор бо устодону донишҷӯён, бетанаффус нашр ва дастрасии рӯзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод» ва дигар дастовардҳои коллективи меҳнатӣ сухан рафт. 
Sho0400.jpgДар охири гузориш перомуни таҳияи типи нави лексияҳо, ташкил ва гузаштани устодони ҷавон ва камтаҷриба аз курсҳои маҳорати педагогӣ бо мақсади сайқал додани пешаи омӯзгорӣ ва болобурди сатҳи маърифату  ҷаҳонбинии илмии устодон дастурҳои судманд дода шуд.  
Дар музокираи масъалаи «Натиҷаи фаъолияти ДМИТ дар шашмоҳаи дуюми соли 2016 ва вазифаҳо барои шаш моҳи минбаъдаи соли 2017» профессорон В. Воҳидов, Ф. Мирзоахмедов, дотсент Мирзоев Ғ. ва муовини ректор оид ба таълим Ш. Хайров  иштирок намуда, ҳисоботи ректорро оид ба фаъолияти донишкада дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсил қаноатбахш баҳо доданд. 
Дар баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа муовини ректор оид ба таълим Хайров Ш.Қ. баромад карда, дар бораи баъзе тағйироту иловаҳои сарбории таълимии соли таҳсили нав гуфта гузашт. Баъд аз он сарбориҳои таълимӣ ва ҷадвали воҳиди кории ҳайати профессорону омӯзгорони ДМИТ барои соли таҳсили 2016-2017 бо дарназардошти пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.
Дар музокираи ин масъала дотсент Маҳмадмуродов А. сухан карда, барои беҳтар гардидани вазъи таълим андешаҳои зарурӣ пешниҳод намуд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор нисбат ба масъалаҳои баррасишаванда  ҷаласаи васеи Шӯрои олимон кори худро анҷом дод.


Саъдулло Носиров