Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аълочиҳо мояи ифтихоранд

Аълочиҳо мояи ифтихоранд

02.07.2016с. Имрӯз дар ДМИТ чорабинӣ барои супоридани Дипломи Аълочӣ ба хатмкунандагони аълохон баргузор  гардид. Дар ин тантана ректори донишкада Солеҳзода А.А., муовинони ректор Хайров Ш.Қ., Ахмедова З., деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳо, ҳайати професорӣ-омӯзгорӣ, хатмкунандагони аълохон ва волидони онҳо ширкат доштанд.
Баробари сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада А. Солеҳзода аз таҳсили аъло, иштироки фаъоли аълочиҳо дар чорабиниҳои маърифативу илмӣ ва дастовардҳои онҳо ёдовар шуда, чун мояи ифтихор барои ДМИТ онҳоро муаррифӣ кард. 
Пас аз ироаи фармоиши ректор ба якояки онҳо, ки 12 нафарро аз факултаҳои молия ва қарз, иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, ҳисобдорӣ ва омор ва муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ ташкил мекарданд, Дипломи Аълочӣ супорида шуда, барои ба ин васила роҳ ёфтан бо таҳсили ройгон дар зинаи магистратура андеша иброз карда шуд.
Сарвари ғамхор ва дурандеши ин боргоҳи маърифат онҳоро барои ба илм наздик шудану сару кор гирифтан бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳидоят намуда, барои ёрӣ расонидану дастгирии аълочиён дар фаъолияти минбаъдаи таълимиву илмиашон аз устодон даъват ба амал овард. 
Баъд профессори донишкада Бозоров Ш.Ш. бо қаноатмандӣ аз ин маросими идона дар бораи фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва рушди инфиродии хатмкардаҳои аълочӣ андешаҳои муфид иброз дошт. 
Дар охир чанд нафар аз ин хатмкардаҳои болаёқат барои заҳмати устодон дар ҷодаи омодасозии онҳо ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ва дастгирии раёсати ДМИТ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд. 
Ин рӯзи накӯ, рӯзи тантанаи супоридани Дипломҳои сурх дар ёди иштирокдорон хотирмон боқӣ хоҳад монд. 


С. Носиров