Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи пешакии рисолаи номзадӣ

Ҳимояи пешакии рисолаи номзадӣ

Санаи 4 июли соли равон дар назди кафедраҳои иқтисод ва идора ва муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии ассистент Урунбоева Нигина Абдумухторовна дар мавзӯи «Совершенствование механизма управления устойчивого водопользования (на примере Согдийской области Республики Таджикистан)» аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисод ва идора дар хоҷагии халқ, таҳти роҳбарии д.и.и, профессор Қудратов Р.Р. баргузор гардид.  
Дар муҳокима ҳайати устодон ва аспирантони ДМИТ, аз ҷумла муовини ректор оид ба илм Ашуров Ғ.М., декани факултетҳо Попов Н.А., Давлатов Х.М., Шералиев Э.Н., Нуралиев А.Н., инчунин мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.   
Қайд карда шуд, ки заминҳои обёришавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии интенсификатсияи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ буда, бехатарии озуқаворӣ ва устувории ҳосилнокиро таъмин менамояд. Таҳлили муосири истифодабарии захираҳои обӣ нишон медиҳад, ки баландбардории самаранокии истифодабарии онҳо низоми махсуси коркард ва асоснок намудани пешниҳодҳоро оид ба рушди устувори механизми истифодабарии об дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обёришавандаро талаб менамояд.
Дар ҷараёни муҳокимаи рисолаи диссертатсионӣ, ҳозирин оиди тадқиқоти илмӣ ба унвонҷӯй саволҳои гуногун пешниҳод намуданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои аниқу қонеъкунанда гирифтанд.
Инҷунин дар муҳокима н.и.и., дотсентон  Давлатов Х.М., Попов Н.А., Убайдов Ф. суханрони намуда, оиди тадқиқоти илмии унвонҷӯй фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Рисолаи диссертатсиониро иштирокчиён хуб баҳогузорӣ карданд ва баъзе камбудиҳои ҷузъияшро қайд намуда, барои мукаммал гардонидани он пешниҳодҳо карданд.
Ҳамин тавр рисолаи номзадии унвонҷӯй дар муҳокима дифоъ карда шуда, барои ҳимояи пешакӣ тавсия дода шуд.