Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ

Чун анъана, ҳар сол рӯзи 1-уми сентябр дар тамоми ҷумҳурӣ Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ дар ҳамаи толорҳои донишкада ба воситаи телевизион суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир гардид, аз ҷониби устодону донишҷӯён, кормандони донишкада ва меҳмонон бо таваҷҷуҳи зиёд шунида шуд.
Сипас ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил бо иштироки муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ҷаласаи ботантана баргузор гардид. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид ифтитоҳ ва устодону донишҷӯёнро бо соли нави хониш муборакбод намуда, иброз дошт, ки баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ далели ғамхориҳои пайваста ва ҳусни таваҷҷуҳи баланди Пешвои миллат ба илму маориф, донишу маърифат ва такя ба зиёиёну донишҷӯён мебошад. Зеро, воқеан, давлате, ки ба илму дониш ғамхорӣ зоҳир менамояд, давлати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун хоҳад гардид.
Мавсуф дар идомаи суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муваффақиятҳои феълӣ ва нақшаҳои ояндаи донишкада ҷалб намуда гуфт, ки соли 2016 ДМИТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми 4-умро сазовор гардид, ки барои аҳли коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯён мояи ифтихор аст.
Зимни суханронии хеш муовини аввали вазири молия Каримзода Ҷамшед аҳли нишастро бо Рӯзи дониш муборакбод намуда, аз ҷумла афзуд, ки рушди тамоми соҳаҳои мамлакат ба маориф вобаста аст. 
Навсозӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни рушди илму маориф таъмин намудан аз имкон берун аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравӣ ва рушди соҳаи маорифро, қабл аз ҳама, дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, таъмини муасссисаҳои таълимӣ бо маводи дарсӣ, воситаҳои техникӣ, технологияҳои ҳозиразамон, бунёд ва таъмиру азнавсозии мактабҳо мебинад ва баҳри ҳалли масъалаҳои зикргардида тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Ruzidonish4001.jpgДар замони соҳибистиқлолӣ ва алалхусус солҳои охир Ҳукумати мамлакат кӯшиш менамояд, ки дар баробари муҳайёсозии инфрасохтори зарурии мактабҳо, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷараёни донишомӯзӣ ва одобу рафтори насли ҷавонро дар асоси меъёрҳои фарҳангу ахлоқи миллӣ ба роҳ монда, бар он мекӯшад, ки наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан, азхудкунии илму дониш, риояи ахлоқи ҳамида ва маърифату одоб ба камол расанд.
Албатта, чунин вазъият ва ин гуна масъулият бори дигар моро водор месозад, ки баҳри рушди устувори ин соҳаи афзалиятнок диққати махсус зоҳир намуда, барои сари вақт бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои дар пешистода саъю кӯшишҳои худро бештар намоем.
Каримзода Ҷ. дар охир аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои беҳтарини фароҳамомада ва аз устодони варзидаи ин донишкада истифода бурда, хубу аъло таҳсил намоянд ва мутахассиси касбии соҳаи молия ва иқтисод шаванд.
Баъдан Ваҳоб Воҳидов, профессори кафедраи иқтисод ва идора баромад карда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва зарурати донишомӯзӣ ва мутахассиси ҷавобгӯи талаботи замон шудани ҷавононро ёдрас шуд.
Дар охири ҷамъомади тантанавӣ хатмкунандаи магистратураи донишкада Бобозода Афзалшоҳи Олим арзи эҳтироми худро ба устодони хеш расонида, ба толибилмони соли аввал рамзан калиди дониш ва дафтарчаи имтиҳонотиро супорид ва онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш ва соҳибтахассус гаштан даъват намуд. Аз номи толибилмони тоза ба донишкада шомилшуда донишҷӯи курси аввали факултети молия ва қарз бо боварӣ ва эҳтироси баланд дар назди нишастагон савганд ёд кард, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, тамоми қувваю дониши хешро барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ сарф менамоянд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ сурат гирифт.


Машҳура Абдуллоева