Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми табрикотии ректори ДМИТ

Паёми табрикотии ректори ДМИТ

Устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Аз самими қалб ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод мегӯям!
Баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад. Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор, тавоно ва соҳибтамаддун аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша саъй дорад, ки нисбати маориф ғамхорӣ зоҳир намояд ва мақоми илму маорифро боз ҳам баланд бардорад. Зеро рушди тамоми кишвар аз дараҷаи дониш, маърифатнокӣ ва соҳибҳунариву соҳибкасбии аҳли ҷомеа вобаста мебошад. 
Дар давраи истиқлолият зиёда аз 500 санади меъёрии ҳуқуқии марбути маориф ва илм аз ҷониби парлумон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки низоми соҳаро танзим намуда, ҷиҳати рушду нумӯи он мусоидат менамояд.
Татбиқи амалии санадҳои мазкур имконият фароҳам овард, ки магистрантону аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён минбаъд дар дохили ҷумҳурӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд. Бо ин мақсад дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз январи соли 2015 фаъолияти худро оғоз намуд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақшаву барномаҳои таълимӣ, стандартҳои фаннӣ ва риштаҳои тахассусӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои давлатӣ ва ҷаҳонӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд ва он метавонад ба раванди рушди босуръати илму техника ва таҳаввулоти технологии муосир, ба камол расондани мутахассисони баландихтисосу дорои ҷаҳонбинии васеъ, донандаи техникаву технологияҳои нав таъсир расонад.
Боиси хушнудист, ки имрӯз бо амалӣ гардидани принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ сафи ҷавонони соҳибзавқ, соҳибҳунар ва эҷодкор торафт афзуда, бештари ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмию инноватсионӣ ҷалб карда шуда, сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ беҳтар мегардад.
Аз ҷумла дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ баҳри беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия кӯшишҳои зиёд карда мешаванд.
Фаъолияти таълимӣ ва таълимӣ-методии донишкада дар ин нимсола тибқи нақша идома ёфта, айни замон дар 6 факултет (молия ва қарз, ҳисобдорӣ ва омор, иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт) ва 27 кафедраи донишкада (19 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишкадавӣ - 417 нафар омӯзгорон, ки аз ин 350 нафар омӯзгорони штатӣ ва ҳамкорони дохилӣ, 67 нафар ҳамкор) аз рӯи 37 ихтисос мутахассисонро тайёр менамоянд.
Миқдори умумии компютерҳо дар донишкада зиёда аз 800-то буда, 112 адад ноутбук, 3 адад сканерҳои тезсуръат, 1 сервери замонавӣ, 40 адад тахтаҳои электронӣ ва 48 адад принтерҳои гуногуни бисёрфунксионалӣ таъмин гардидааст. Дар донишкада 3 маркази тестӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 6 синфхонаи компютерӣ ва 8 синфхонаи лингофонӣ амал мекунанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамоянд.
Тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ дар соли 2016 ба донишкада 1547 нафар донишҷӯи ДМИТ гардиданд, ки аз ҷумлаи он 1296 нафар ба шуъбаи рӯзона ва 251 нафар ба ғоибона шомил шуданд.
Дар донишкада аз рӯи чор зинаи таҳсилот: бакалавр, мутахассис, магистратура, докторантура соҳибкасбон омода карда мешаванд.
Ба докторантура аз рӯи 3 ихтисос 12 нафар довталаб ҳуҷҷат супоридааст.
Донишҷӯёни донишкада дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои гуногун ва спартакиадаҳо ба муваффақиятҳо ноил мегарданд. Ин аст, ки соли 2016 барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ (ду ҷой), Спартакиадаи умумиҷумҳуриявӣ (41 ҷой)-и ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.
Ҳамчунин соли 2016 барои устодон ва кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли хотирмон аст, зеро дар ин сол донишкада ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла Донишкада дар бозори таҳсилоти олии касбӣ ва бозори меҳнат мавқеи устувор пайдо менамояд. Аз рӯи талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба рейтинг ва гирифтани сертификати ташкилотҳои рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ДМИТ дар соли 2016 дар рейтинги гузаронидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми 4-умро сазовор шуд. Ин натиҷа ҳайати профессорону омӯзгоронро бори дигар водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим камари ҳиммат баста, корро дар ин самт боз ҳам хубтару беҳтар намоянд.
Табрикоти гарму самимӣ ба донишҷӯёни курси аввал, ки имрӯз ба оилаи донишкада шомил мешаванд. Барои онҳо саҳифаҳои ноомӯхтаи ҳаёт кушода мешавад, ки ҳодисаҳо ва таассуроти бою рангинро фаро гирифтааст. Бинобар ин, шогирдони азиз, дар ҳаҷми пурра ҳамаи имкониятҳоеро, ки донишкада ба шумо пешниҳод мекунад, истифода намоед, яъне хонед, дарк намоед, эҷод кунед ва ба муваффақиятҳо ноил гардед. 
Ба донишҷӯёни курсҳои болоӣ бошад, муваффақиятҳои калон дар таҳсил, дастовардҳои нав дар илм, зиндагии гуворо ва пурҷӯшу хурӯши донишҷӯӣ, меҳнатдӯстӣ ва суботкориро орзу менамоям.
Боварӣ дорам, ки бо сайъу кӯшиши якҷоя мо дар рушди минбаъдаи донишкада ва афзун кардани дастовардҳои он ба пирӯзиҳои нав ба нав ноил хоҳем гашт.
Бори дигар ҳамагонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки ҳар рӯзи донишкадаи мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.


Ашӯрбой Солеҳзода, ректори ДМИТ