Хабарҳо

Истиқболи ҷашни Истиқлолият дар ДМИТ
Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи донишкада ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки васеи устодону кормандон, донишҷӯён ва меҳмонон барпо гардид. Дар он Асрорзода Зуҳуриддин, сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалии судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ ва аҳли нишастро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуд. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Шукргузори онем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он, махсусан насли ояндасози миллат- ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳост. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод намудан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш барои ҳар як шахси ватандӯсту ватандор масъулияти бузург дорад. Ин масъулият ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ пайваста кӯшишу талош намоем. Инчунин барои устувории истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯши хеш дошта бошем, - илова намуд мавсуф.
Ҳамчунин ректор аз чопи маводи тозанашр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда дод, аз ҷумла китоби «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон зодаи истиқлол», маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ» ва шумораи махсуси рӯзномаи «Молия ва иқтисод».
Зимни суханронии хеш Асрорзода Зуҳуриддин аз моҳияти истиқлолияти сиёсии кишвар изҳори андеша намуда, гуфт, ки яке аз нишонаҳои давлат ин истиқлолият аст ва маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯзҳо соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа рӯ ба тараққӣ овардаанд. Дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо беҳтарин давлатро сохтем ва онро имрӯз тамоми ҷаҳон мешиносад.
Асрорзода З. бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории судманди ҳар ду муассиса сухан гуфта, афзуд, ки устодони ДМИТ дар ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ иштирок менамоянд ва роҳбарияти Суди Олии иқтисодии ҶТ инро ба назар гирифта, ба муносибати истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ ректори ДМИТ Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳидро барои гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, инчунин ҳамкории судманд бо Суди Олии иқтисодии ҶТ бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.
Сипас, Саъдулло Носиров, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин» баромад карда, аз ҷумла иброз дошт, ки соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ба самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар табдил ёфт. Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми бунёдӣ ва такягоҳиро ишғол намуда, рушду нумӯи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Вобаста ба самти афзалиятноки ислоҳоти иқтисоди миллӣ эълон шудани соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории соҳаро зиёд менамояд. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, дар солҳои охир маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас афзоиш ёфта, дар соли 2000 – 38,2 млн. сомонӣ ва дар соли 2015 – 2918,9 млн. сомонӣ, яъне 76,4 маротиба афзудааст,- илова намуд маърӯзачӣ.
Ҳамчунин Фирӯзи Талбак, магистранти курси 1 дар мавзӯи «Дастовардҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии даврони истиқлолият» баромад ва пешравиҳои соҳаҳои мазкурро номбар кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, ки рӯзномаи «Молия ва иқтисод» гузаронида буд, ҷамъбаст гардида, ба муаллифони мақолаҳои арзанда – Ғуломҷон Мирзоев, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Тӯйчизода Насрулло – муҳаррири шуъбаи табъу нашр, Фирӯзи Талбак – магистранти курси 1, Ёров Қиёмиддин - донишҷӯи курси 4, факултети молия ва қарз, Нормаҳмудова Фарангис – донишҷӯи курси 2, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, Носиров Беҳрӯз – донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз ва Саидзода Манучеҳр – донишҷӯи курси 2, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Бо ҳамин, маҷлиси тантанавӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева