Хабарҳо

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бо камоли эҳтиром 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба якояки Шумо муборакбод мегӯям. Таманнои онро дорам, ки 25 соли истиқлолият чун 25 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯ оварад.
Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Аз файзу баракати истиқлолият мо дар роҳи расидан ба мустақилияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштем ва ин раванд бомуваффақият идома дорад.
Дар тӯли 25 соли истиқлолият маҳз ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик барқарории сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба мо муяссар гардид.
Бигзор, истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!
Ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода