Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дипломи аълочӣ ба магистрантон

Дипломи аълочӣ ба магистрантон

17 сентябр дар толори фарҳангии донишкада маросими супоридани дипломҳои аълочӣ ба хатмкунандагони шуъбаи магистратура доир гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода аз номи раёсати донишкада хатмкунандагонро табрик гуфта, ба онҳо бурдбориҳо таманно намуд ва иброз дошт, ки бо гирифтани диплом таҳсили онҳо тамом намешавад, балки масъулияти онҳоро дучанд менамояд. Зеро онҳо аллакай ҳамчун устоди комилҳуқуқ метавонанд фаъолияти худро идома дода, ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шаванд. Имсол аз рӯи зинаи магистратура 116 нафар донишкадаро хатм намуданд. Тибқи анъана, танҳо онҳое, ки зинаи бакалаврро бо дипломи аълочӣ хатм намудаанд, дар зинаи магистратура низ метавонанд бо дипломи аълочӣ шарафёб шаванд.
Хатмкунандагони магистратура Меҳриддин Ватанов, Ҷумъахон Низомов, Фирӯз Раҳимзода, Сайёраи Қурбонназар, Ганҷина Улфатшоева, Шералии Саидалӣ, Афзалшоҳ Бобозода, Ҷамила Ризоева ва дигарон бо дипломи аълочӣ сарфароз гаштанд. Дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо диплом супорида шуд. Аз номи хатмкунандагон Афзалшоҳ Бобозода ба сухан баромада, ба роҳбарияти донишкада изҳори сипос намуд. Номбурда афзуд, ки хушбахтона, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳукумати кишвар дар Тоҷикистон сатҳи таълиму тарбия баланд гашта, дар ин самт навовариҳо ҷорӣ мегардад.
Боиси хушнудист, ки сол то сол талабот барои таҳсил дар зинаи магистратураи донишкада меафзояд ва омори довталабон гувоҳи ин гуфтаҳост.
Дар охир ректори донишкада ба муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Ахмедова, раиси Шӯрои занон ва духтарон Қумринисо Раҳимова, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Саидалӣ Ҳаитов, эдвайзерони тарбиявии факултетҳо - Мардон Бухориев, Заррагул Алиева, Амирхон Баротов, Ҷаъфар Қодиров, Фатҳулло Муминов, Худойдод Холмуродов ва донишҷӯдухтароне, ки дар паради ҳарбӣ ва раҳпаймоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида буданд, миннатдорӣ баён намуда, онҳоро бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд. 


Насрулло Тӯйчизода