Хабарҳо

Иштироки ДМИТ дар роҳпаймоӣ
Рӯзи 9 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар иштирок дошт. Аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо, намояндагони бахшу соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳову намояндагони дигар қишрҳои ҷамъият бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар ва арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоӣ карданд.
Аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ 2 ҳазор нафар устодону донишҷӯён ва магистрантон бо либосҳои расмиву миллӣ ва бо барафрохтани рақами 25 - рамзи идона дар ин роҳпаймоӣ ширкат варзида, садоқати худро нисбат ба Ватан нишон доданд.
М. Абдуллоева