Хабарҳо

Норозигии донишҷӯёни ДМИТ ба эътирозгарони ҲНИТ
Як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси марбут ба ҳуқуқи инсони Варшава дар донишкада ҷамъомад доир карда, мавқеъ ва андешаҳояшонро оид ба масъалаи мазкур иброз доштанд.
Фирӯзи Талбак, магистранти курси 1 яке аз ҷавонони фаъоли донишкада қайд намуд, ки «барои чӣ ҷавонони гумроҳи тоҷик дар Варшаваи Полша барои ким кадом террорист, аъзои ҳизбе, ки бо қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун гурӯҳи террористӣ эълон шудааст, ҳамоиш баргузор мекардаанду мо ҷавонони тоҷике, ки дар фазои сулҳи суботи кишвари соҳибистиқлоламон зиндагӣ мекунем, таҳсил дорем, дар оғуши падару модарем, хомӯш нишинем.
Ба иддаои ин ҷавонон, раиси ҲНИ-и террористӣ ва мамнӯъшуда М. Кабирӣ мехоҳад ғаразҳои нопоки худро дар Тоҷикистон амалӣ созад ва ба воситаи ин нафарон нақшаҳояшро мехоҳад роҳандозӣ кунад.
Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 3 барои интиқоди Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат, ки дар Варшава ин ҷавонон кардаанд, изҳори норизогӣ карда, афзуд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар ва тарғиби дини Ислом хеле калон аст. Чун бо супориш ва дастури Пешвои миллат се маротиба нарш шудани китоби «Қуръон» ва эълони соли бузугдошти Имоми Аъзам дар соли 2009, фаъолияти масҷидҳои сершумор дар кишвар ва сохтмони масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ бо номи Имоми Тирмизӣ аст, ки ин ҳама барои ибодати бемонеаи мардуми мусалмон буда, эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургони дини мубини Ислом мебошад.
Донишҷӯёни ДМИТ арза доштанд, ки мо ҳамчун ҷавонони ватандӯсту сулҳхоҳ бояд бо он ҷавонони гумроҳу манфиатҷӯй, ки имрӯз бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан мегӯянд, мубориза барем.