Хабарҳо

“Иқтисоддони беҳтарин” дар хобгоҳ
22 сентябр дар хобгоҳи № 1”Б”-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Точикистон маҳфили илмии «Иқтисоддони беҳтарин» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлолият рамзи озодист” баргузор гардид.
Сараввал Ҷовидон Халифаев, сардори бахши илми хобгоҳ ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшид. Дар баромади худ номбурда қайд намуд, ки Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард.
Сипас Бобозода Афзалшо, устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ, донишҷӯён Мирзошариф Амирализод ва Айниддин Ёров аз комёбиҳои даврони истиқлоли кишвар ёдовар шуданд.
Насрулло Тӯйчизода