Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арзишҳои табиат ва зебоӣ

Арзишҳои табиат ва зебоӣ

21.09.2016. Имрӯз дар толори конфронсии донишкада маҳфили аввалини умумидонишкадавии «Фарҳангдӯст» дар соли хониши 2016-2017 дар мавзӯи «Природа ценности: красота как ценность» доир гардид. Онро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ А. Муллоҷонов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки маҳфили «Фарҳангдӯст» минбаъд низ мунтазам ба хотири пайванди наслҳои дирӯзу имрӯз гузаронида мешавад.
Сипас маърӯзачии маҳфил, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саноат Бозорова атрофи мавзӯъҳои зебопарастӣ, нақши ҳунар дар ташаккули шахсият, покизагии забон, нақши мусиқӣ дар ташаккули эҳсосоти зебоипарастӣ, нақши варзиш дар ташаккули руҳ ва болидагии инсон ва муносибатҳои байнишахсӣ суҳбат кард.



Инчунин устодони кафедра Муродалӣ Маҳимов ва Содиқ Бойматов оид ба нақши инсон дар офаридани зебоӣ ва тарғиби эҳсоси зебоипарастӣ дар байни донишҷӯён изҳори  андеша карданд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён ва маърӯзачиён саволу ҷавоб сурат гирифт.


Хисрав Муҳиддинов