Хабарҳо

«ЗАБОНИ МАН-ИФТИХОРИ МАН»
Бо ташаббуси факултети молия ва қарз 1 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Забони ман-ифтихори ман» баргузор гардид.
Онро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ намуда, аз қадру манзалати забони модарӣ ёдовар шуд. Мавсуф кормандону устодони донишкадаро, ҳамчунин ба шарафи Рӯзи муаллимон табрик ва дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба онҳо комёбиҳо таманно намуд.
Меҳмони чорабинӣ - доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов дар мавзӯи «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» суханронӣ намуд. Ҳамзамон мавсуф мисолҳои ҷолиберо аз ҳаёти донишҷӯии худ ва аз зиндагии имрӯза оварда, ҳамагонро ба дӯст доштани забон ва арзишҳои миллӣ тарғиб намуд.
Дар музокирот дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев баромад карда, доир ба тозагии забони тоҷикӣ ва ғалатҳои забони матбуот андешаҳояшро иброз дошт.
Донишҷӯёни факултет Д. Амонова, З. Додихудоев, Н. Маҳкамова ва дигарон бо қироати шеър, иҷрои саҳнача ва маърӯзаҳо барои рангинтар гаштани маҳфил мусоидат намуданд.
Насрулло Тӯйчизода