Хабарҳо

Забон пояи давлат
Рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ аз тарафи донишҷӯёну устодони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Иди муаллимон маҳфили фарҳангӣ доир гардид.
Дар он эдвайзери тарбияи факултет Мардон Бухориев дар мавзӯи «Забон пояи давлат» ва устоди кафедраи забони тоҷикӣ Саидамир Сафаров дар мавзӯи «Нақши забон дар рушди соҳибкории миллӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Гуфта шуд, ки сухани ширину ноби ҷаззоб дар ҳама маврид: савдо, муносибат бо одамон, ҷамъомаду ҷабҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва ғайраҳо нақши бузурге дошта, соҳибкори оқилу доно аз чунин афкори дар таҷрибаи рӯзгор озмудашуда бояд ба таври васеъ истифода намояд.
Ҳамчунин донишҷӯён Олисомон Ҳоҷиев, Фарзона Мирганова, Парвина Комилова, Умед Қувватов, Амриддин Ёров, Нозанини Сорбон, Нарзулло Панҷиев ва дигарон маърӯза карда, дар бораи манзалати забони тоҷикӣ, рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият, эҳтироми муаллим, арҷгузорӣ ба хизматҳои устод истода гузаштанд.
Донишҷӯён бо презентатсияҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ эҳтирому муҳаббати худро нисбати омӯзгорон арза доштанд.
Дар охир донишҷӯи курси 1, ихтисоси иқтисоди ҷаҳон Муҳаммад Ҷабборов дар васфи омӯзгор суруди дилнавозе сароида, хотири ҳозиринро шод намуд.
Машҳура Абдуллоева