Хабарҳо

Танзим болоравии фарҳанги молиявиро мехоҳад
Рӯзи 1 октябри соли равон ҷаласаи васеи устодону кормандони донишкада оид ба фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ дар бораи иҷрои талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» дар донишкада баргузор гардид.
Онро раиси комиссияи мазкур ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, сараввал дар бораи вазифаҳои Комиссияи мазкур ва зеркомиссияҳо маълумот дод.
Зимни баромадаш Солеҳзода А. А. зарурати қабули қонуни мазкурро муҳим арзёбӣ карда, афзуд, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ ва устувории ҳаёти иҷтимоӣ амали бениҳоят хайрро анҷом дод, ки ин таҷрибаро имрӯз мамлакатҳои дигари ҳамсоя мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор додаанд.
- Гарчанде ки дар донишкада аз тарафи комиссия ягон қонунвайронкунӣ ошкор нагардидааст, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар байни мардум ҳоло ҳам вайрон кардани муқаррароти қонун ва намоишкориву зиёдаравиҳо дар баргузории тӯйю маъракаҳо дида мешавад. Фарҳанги молиявии мо нисбати ҷашну маросимҳо паст буда, майл кардан ба хароҷоти зиёдатӣ дар психологияи мардум нишастааст. Имрӯзҳо худи мардум бояд дарк кунанд, ки ин қонун барои беҳтар сохтани сатҳи зиндагии эшон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин дар риоя ва тарғибу ташвиқи қонун омӯзгорон ва зиёиён бояд намуна бошанд, гуфт мавсуф.
Ҳамчунин Солеҳзода А. бо овардани мисолҳои мушаххас аз ҳаёти рӯзмарраи мардум дар бораи исрофу зиёдаравиҳо дар баргузории идҳои Рамазон ва Қурбон, ки ба таълимоти дини мубини ислом рост намеояд, истода гузашт ва таъкид сохт, аз рӯи тадқиқотҳо маълум шуд, ки қариб 40 фоизи даромади аҳолӣ ба ташкил ва гузаронидани ин идҳо сарф мешавад, ки исрофи маҳз аст.
Дар ҷамъбаст, аз рӯи баромади ректор вазъи риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ДМИТ қаноатбахш ҳисобида шуд.
Чун якшанбеи аввали моҳи октябр Иди муаллимон ҷашн гирифта мешавад, ректор дар охири баромадаш ҳамаи омӯзгоронро бо ин ид муборакбод намуда, дар корҳои педагогиашон муваффақиятҳо хост. Ду нафар устоди собиқадор – дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев ва устоди кафедраи забони русӣ Бӯригул Содиқова барои меҳнати софдилона дар таълиму тарбияи насли ҷавон бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин ба чанд нафар муаллимони ҷавон чиптаи бозии байналмилалии футбол тақдим карда шуд.
Ба ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ВКД ҶТ медали «Барои ҳамкорӣ» супорида шуд.
Ҷаласа дар ҳамин фазои тантанавӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева