Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати электронӣ

Технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати электронӣ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2012 омадааст: «Рӯ овардан ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи васеи онҳо дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои дигари замони ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад. Кишварҳое, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, рушди инфрасохтори иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд».
Бо назардошти ин ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёд андешида истодааст. Мизи мудаввари илмӣ-амалии донишкадавӣ, ки дар мавзӯи «Технологияҳои информатсионӣ дар бизнеси электронӣ» барпо гардид, давоми мантиқии суръатбахшии ин иқдомҳост.
Мизи мудаварро декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Амрулло Нуралиев оғоз бахшид. Сипас профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ Ф. Мирзоахмедов дар мавзӯи «Технологияҳои информатсионӣ дар бизнеси электронӣ» ва директори пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и ДМИТ профессор М. Кошонова дар мавзӯи «Интернет ва таъминоти оморӣ дар чорчӯбаи глобализатсия» баромад намуданд. Дар баромадҳо маърӯзачиён афзалиятҳои ҳукумати электронӣ ва инкишофи бизнеси интернетӣ, саҳми технологияҳои муосирро дар рушди ҷомеа ёдовар шуданд.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳои устодон музокирот сурат гирифт.


Насрулло Тӯйчизода