Хабарҳо

Рушди қонунгузории иқтисодии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат аст. Вобаста ба ин санаи муқаддас - 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 сентябр бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият: инкишоф ва рушди қонунгузории иқтисодии Тоҷикистон» семинари илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар он устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, инчунин меҳмонону мутахассисон аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори семинарро мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ н.и.ҳ., дотсент Ҳаитов С.П. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар бораи ин дастоварди миллӣ ва рушду такмили қонунгузории миллии Тоҷикистон дар давоми 25 соли истиқлол маърӯза кард.
Сипас ассистенти ҳамин кафедра Хайруллоев М. дар мавзӯи «Такмили ҳокимияти судӣ дар даврони истиқлолият» баромад намуда, аз бурду бохти ин шохаи ҳокимият ва қонунгузории ҶТ дар ин самт маълумот дод.
Дар кори семинар намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шеров Ш. суханронӣ намуда, нисбати ҷараёни қонунгузории молиявӣ, андозу бонкӣ ва гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир иттилоъ дода, дастовардҳои соҳаи мазкурро дар даврони истиқлолият шарҳу тавзеҳ дод.
Дар ҷамъбасти кори семинар байни маърӯзачиён ва иштирокдорон муҳокимаронӣ сурат гирифт. Донишҷӯён ба меҳмонон пешниҳод карданд, ки ба барои осонфаҳм шудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он тафсири илмию оммавӣ навишта шавад. Пешниҳоди мазкур аз тарафи мутахассисон қобили дастгирӣ шуморида шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусии донишкада ва ҷалби донишҷӯёни фаъоли ДМИТ метавонанд ин нақшаро амалӣ созанд.
Умедҷон Шарипов