Хабарҳо

Забони мо чу дарёи дамон аст…
3 октябр бо ташаббуси факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ба шарафи Рӯзи забони давлатӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова оғоз намуда, зикр кард, ки барои тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дастуру супоришҳо медиҳанд. Бо дарки ин нукта ҷавононро зарур аст, ки ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд.
Сипас донишҷӯёни факултет Ҷовидон Халифаев ва Неъматулло Нуров дар бораи қадру манзалати забони тоҷикӣ маърӯзаҳо карданд. Қироати порчаҳои назмӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва саҳначаи тарбиявии «Забонгумкарда» ва суруд дар иҷрои донишҷӯёни факултет ба чорабинӣ таровати дигаре зам намуд.
Дар охир мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов суханронӣ намуда, иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик ва ҳамагонро ба покизагии забон даъват кард.
Насрулло Тӯйчизода