Хабарҳо

Забони таърихи мардум забони тоҷикист
Ба ифтихори Иди муаллимон ва Рӯзи забони давлатӣ санаи 4 октябри соли равон дар донишкада чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид.
Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, ҳозиринро бо ин ду ҷашни пуршукуҳ муборакбод кард. Ӯ, аз ҷумла иброз дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ дубора эҳё гашта, имрӯзҳо он аз минбари СММ баланд садо медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шуд. Айни ҳол китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ аз тарафи олимони варзида таълифу нашр ва дастраси муҳаққиқону донишҷӯён гардонида шудааст.
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар самти татбиқи пурраи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» нақша-чорабиниҳо таҳия ва комиссияи доимӣ амал мекунад, ки дар зарфи се сол зиёда аз 250 ҳуҷҷату санадҳо ва китобҳои дарсӣ ва шиору овезаҳо ва матни лексияҳо таҷдиди назар карда шуда, ба талаботи имлои имрӯзаи забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шуданд.
Дар баробари ин барои пешравии кор иқтисодшиносон дар якҷоягӣ бо мутахассисони забоншинос ҷиҳати мукаммалсозии забони иқтисодӣ ва якхела кардани истифодаи мафҳуму ибораҳо дар соҳаи иқтисодиёт кӯшиш намоянд. Ҳалли ин масъала мушкилотро дар шарҳи дурусти ин ва ё он ҳодисаи иқтисодӣ рафъ месозад.
Дар тӯли таърихи дурударози халқи тоҷик забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳандӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз дошт ва инро осори гузаштагонамон собит менамояд. Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем, гуфт дар охир Солеҳзода А.
Дар чорабинӣ Сайфиддин Мирзоев, мудири шуъбаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ иштирок ва баромад карда, аз таърихи ҷашнгирии Рӯзи забони давлатӣ ёдовар шуд.
Инчунин маърӯзаҳои Саидамир Сафаров, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ дар мавзӯи «Забон аз нигоҳи Пешвои миллат» ва Дилнора Амонова, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз дар мавзӯи «Муаллим сарвару саркори инсон» шунида шуд, ки фарогири мавзӯъҳои баррасишаванда буд.
Дар қисмати бадеии маҳфил аз тарафи бахши фарҳанги донишкада бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар барномаи мукаммали адабиву консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд, ки фарогири шеъру суруд дар васфи Ватан, Пешвои миллат, забони тоҷикӣ ва муаллим буд. Рақсҳои мавзуни донишҷӯён - Хайринисо Астанақулова ва Маҳлиё Бобохоҷаева ба нишаст таровати дигар бахшид.
Дар фарҷом, ба Қумринисо Раҳимова, раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада барои ҳамкорӣ бо ВКД медали ҷашнии БДА бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин ғолиби иншои беҳтарин дар мавзӯи «Умри миллат ба умри забон вобаста аст» донишҷӯи курси 1, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Шаҳло Эрматова дониста шуда, бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардид.
Машҳура Абдуллоева