Хабарҳо

Вохӯрии судманд
4.10.2016. Имрӯз дар донишкада вохӯрии намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни ихтисоси омори факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид.
Чорабиниро сардори раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов оғоз карда, иброз дошт, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон пайваста риштаи ҳамкориҳоро бо ин мақомоти бонуфуз мустаҳкам менамояд. Алалхусус, шартномаи ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2016 то 31 декабри соли 2020 оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ихтисоси омор барои мутахассисони касбии соҳа гардидани онҳо ба имзо расидааст, ки далели ин гуфтаҳост.
Сипас Нигина Раҷабова, сардори Раёсати таъсиси регистри корхонаҳо, ташкилотҳо, таснифотҳо ва ташкили ҳисоботи омори Агентии омори назди Президенти ҶТ дар бораи вазифаҳои ин сохтори давлатӣ маълумот дода, иброз дошт, ки ин ниҳод барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти хонавода, барои омори демографӣ, спектри васеи маълумоти омори иқтисодӣ, аз он ҷумла тадқиқоти корхонаҳо ва муассисаҳо, инчунин нархҳо, савдои хориҷӣ, ҳисобҳои миллӣ, молияи давлатӣ, омори аграрӣ, иҷтимоӣ ва омори меҳнат масъулият дорад. Агентӣ ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» (№588 аз 12 январи соли 2010), ки мустақилияти ин ниҳодро муқаррар менамояд ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотро, ки ба воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ пешниҳод мешаванд, кафолат медиҳад.
Ҳамзамон Абдухалил Наҷибуллоев, сардори шуъбаи нархҳо ва тарифҳои Агентӣ доир ба методологияи ҳисоб намудани сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоб кардани шохиси нархҳои истеъмолӣ бо усули миёнаи арифметикӣ ва зарурати гузариш ба тарзи ҳисоб бо усули миёнаи геометрӣ андешаронӣ кард.
Наҷмиддин Ризоев, мутахассиси масъули барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Агентӣ бошад, доир ба зарурати баруйхатгирии аҳолӣ дар ҷаҳон ва хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарзҳои гузаронидани он тибқи стандартҳои байналмилалӣ маълумот дод.
Дар охир, миёни иштирокдорону меҳмонон мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифт, ки барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён саҳмгузор хоҳад буд.
Хисрав Муҳиддинов