Хабарҳо

Забони модарӣ бувад шаъну шараф
Забони пойдори миллат забони тоҷикист,
Забони Пешвои миллат забони тоҷикист.
Забони таърихи мардум забони тоҷикист,
Забони асли ин гардун забони тоҷикист.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид бо шарофати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд садо дода, шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.
Дар тамаддуни инсоният миллати тоҷик ба ҳайси миллати тамаддунофар пазируфта шудааст, зеро офаридаҳои илмию адабии ин миллат тавонистааст, ки дар қатори бузургтарин комёбиҳои маънавии башар зинатафзои тамаддун ва фарҳангу адабиёти ҷаҳонӣ қарор дошта бошад. Осори устод Рӯдакӣ, ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Саноию Аттор, Ҷалолиддини Балхию Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозию Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳазорон тани дигар, ки бо забони ноби тоҷикӣ навишта шудаанд, дар тӯли қарнҳо барои таълиму тарбияи инсон хидмати боарзише кардаанд, ки ин хидмат дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт гардидааст.
Дар солҳои истиқлолият ба таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои чопи китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир гардида, инчунин қисми зиёди онҳо таҷдиди назар ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонида шуданд. Айни ҳол китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ аз ҷониби устодони варзида ва олимони шинохтаи мамлакат таълифу нашр гардида, дастраси донишҷӯён ва омӯзгорону муҳаққиқон ва мутахассисон гардонида шуданд.
Дар ДМИТ дар самти татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, комиссияи доимоамалкунанда фаъолият менамояд. Дар тӯли се соли охир зиёда аз 250 ҳуҷҷат ва санадҳо, китобҳои дарсӣ, шиору овезаҳо ва матни лексияҳо таҷдиди назар ва ба талаботи муосири имлои забон мутобиқ гардонида шуданд. Албатта, дар кори комиссия омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ саҳми арзанда мегузоранд ва инчунин васоити гуногун, луғат ва фарҳанги забон аз ҷониби онҳо ба тавсиб мерасанд ва нашр мегарданд. Омӯзгорони донишкада дар солҳои охир баҳри таъмини пурраи ҳамаи фанҳои тадрисшаванда бо адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Мақсади ниҳоӣ таъмини пурраи ин фанҳо бо чунин адабиёт мебошад. Вале, мутаассифона, ҳоло ҳам як қатор фанҳои тахассусӣ ва махсуси таълимӣ дар донишкада бо адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ таъмин нестанд. Моро зарур аст, ки барои ноил гардидан ба мақсади қайдшуда, дар солҳои минбаъда тамоми заҳмату кӯшиши худро барои таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ равона созем. Дар баробари ин мутахассисони соҳавии иқтисодӣ якҷо бо забоншиносон барои мукаммал намудани забони иқтисодӣ ва якхела кардани истифодаи мафҳум ва ибораҳо дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт кӯшиши зиёд бояд ба харҷ диҳанд, ки ҳалли ин масъала мушкилоти истифодаи дурусти мафҳумҳоро дар шарҳи ин ё он ҳодисаи иқтисодӣ бартараф хоҳад сохт.
Бояд гуфт, ки дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз дошт, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд.
Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем.
Дар ин ҷода Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гнамуданд, ки «моро лозим аст, то барои ғановати забони миллии хеш аз осори гузашта ва муосир ба дурустӣ истифода намоем, то ин забони тавоно ва шеворо дар асри густариши равобити миллатҳо ва тамаддунҳо тавонотару шевотар гардонем ва онро барои наслҳои оянда ба ҳама зебоиву тавоноияш ба мерос гузорем».
Бинобар ин вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон як қатор дастуру супоришҳои роҳбари давлат мавқеи басо муҳимро ишғол менамояд. Дар амалӣ гаштани ин вазифаҳои муҳим «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» аҳамияти назаррас доранд. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар даврони истиқлолият пас аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори нахуст нашр шудааст.
Дар фарҷом, ҳамаи шумо – омӯзгорон ва донишҷӯёни азизро ба ифтихори ин рӯзи фархунда - бузургдошти забони давлатӣ табрик намуда, ба ҳар як фарди соҳибзабону ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоламон сиҳатмандӣ, барори кор ва зиндагии осоишта орзумандам.
Ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Ашурбой Солеҳзода, ректори ДМИТ