Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили фарҳангӣ дар хобгоҳ

Маҳфили фарҳангӣ дар хобгоҳ

Рӯзи 4 октябр дар хобгоҳи № 1”Б”-и донишкада маҳфили фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба Рӯзи забон ва Иди муаллимон доир гардид.
Онро бо сухани табрикотӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ахмедова З.К. оғоз бахшида, афзуд, ки муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳи инсон аст. Чун муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад.
Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 3, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар мавзӯи «Ҳаққи устод аз падар беш аст» маърӯза карда, нақши муаллимро дар камолоти шахсият мурим арзёбӣ кард.
Сипас бахши илм ва фарҳанги хобгоҳ барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи худро, ки аз шеъру суруд, саҳначаю тақлидкорӣ ва ғайраҳо иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова донишҷӯёни фаъолро бо Ифтихорнома қадрдонӣ кард.


Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 3, факултети андоз ва андозбандӣ