Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДМИТ ғолиби «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016»

ДМИТ ғолиби «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016»

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» аз рӯйи номинатсияи Шароити мусоид (фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва зист) ғолиб омада, бо Ҷом, Диплом ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» мукофотонида шуд. Мукофотро ба ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар вазъияти тантанавӣ рўзи 8 октябри соли равон дар мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор шуда, дар он натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016” эълон гардид.
Дар ибтидои ҷаласа вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар назди ҳозирин баромад карда, гуфт, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” моҳи феврали соли 2016 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016”- ро оғоз бахшид. Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст гашт. Бо сабаби дар моҳи сентябр зиёд будани чорабиниҳои сиёсӣ тасмим гирифта шуд, ки натиҷаи ин озмун, имрӯз дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардад.
Тавре Шариф Ҳамдампур, раиси ҳайати мушовара ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар баромадаш қайд кард, «Озмуни 10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» аз нимаи моҳи феврал эълон гардида, то охири моҳи август идома ёфт. Ҳадаф аз баргузории ин озмун баҳогузорӣ ба сифати таълиму тарбия дар макотиби олӣ, омӯзиши афкори омма, таваҷҷуҳи онҳо ба нақши макотиби олии ҷумҳурӣ дар рушди маориф, илм, вусъати ҳамкориҳо бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Озмуни мазкур аз рӯйи 10 номинатсия баргузор гашта, дар он 26 макотиби олии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Dgna4001.jpgДар рӯзномаҳои “Тоҷикистон”, “Аргументы и факты в Таджикистане”, сомонаи “Tajikistantimes.сom” маводи зиёде дар таблиғи дастовардҳои ин донишгоҳу донишкадаҳо чоп ва дастраси хонандагон гашт. Мувофиқи пурсиши ҳафтаномаи «Тоҷикистон” ҳудуди се миллион хонандагони дохил ва хориҷи кишвар аз фаъолияти ин макотиби олӣ огоҳӣ пайдо карданд ва тарғиб гаштанд.
Бо ин дастоварди беҳтарин мо аҳли коллективи меҳнатӣ ва донишҷўёни ДМИТ-ро муборакбод намуда, фатҳи қуллаҳои навинро барояшон таманно дорем ва дар зер ғолибони озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016»-ро меорем:
1. Аз рӯйи номинатсияи Универсалӣ (мавҷудияти номгӯи васеи ихтисосҳо ва дастовардҳои кулл) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
2. Аз рӯйи номинатсияи Шароити мусоид (фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва зист) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» - Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
3. Аз рӯйи номинатсияи Устодони соҳибсалиқа (соҳибтаҷрибагии омӯзгорон) ва роҳхат ба осоишгоҳи «Сароб» - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
4. Аз рӯйи номинатсияи Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас (муттаҳидии коллективи донишҷӯён) - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;
5. Аз рӯйи номинатсияи Рақобатпазирии мутахассисон ( талабот ба кадрҳои мактаби олӣ дар бозори меҳнат) - Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
6. Аз рӯйи номинатсияи Илм дар амал (татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот) - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ;
7. Аз рӯйи номинатсияи Шӯҳрат ва ифтихор (дастовардҳои донишҷӯён) - Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;
8. Аз рӯйи номинатсияи Маъруфият ва робита (ҳамкорӣ бо макотиби олии хориҷӣ) - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
9. Аз рӯйи номинатсияи Мавқеи фаъол (иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ) Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;
10. Аз рӯйи номинатсияи Пешоҳанг (татбиқи инноватсия ва технологияҳо) - Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.


Машҳура Абдуллоева