Хабарҳо

Имкониятҳои ҳамгироӣ аз нигоҳи олимон
Дар маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» масъалаҳои назария ва амалия ва заминаҳои илмию омӯзишии бартараф кардани мушкилиҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҳамгироӣ дар замони муосир баррасӣ гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров таваҷҷуҳи ҳозиринро ба заминаи тақвият додани тадқиқотҳои илмӣ дар робита ба сайъу талошҳои Ҳукумати кишвар ва донишкада дар самти ҳамгироиҳои бисёртарафа ҷалб намуд. Мавзӯи баррасишаванда, ҳамчунин маҳсули ҳамкориҳои илмии тадқиқоти байни маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» ва кафедраи назарияи иқтисоди донишкада мебошад.
Дар он маърӯзаҳои Дилбар Қандиёрова, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: бурду бохт ва масрафҳо”, ва Шайқул Ҳамроқулов, дотсенти ҳамин кафедра дар бораи “Ҳамгироии Тоҷикистон бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: методология ва дурнамо” шунида шуд.
Чунонки Д. Қандиёрова иброз дошт, асоси ташаккул додани ҳамгироӣ, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши ин масъала дар заминаи ҷиҳатҳои назариявӣ ва баланд бардоштани мақоми илми назарияи иқтисодӣ мебошад.
Дотсент Ш. Ҳамроқулов қайд кард, ки барои шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироиҳо лозим аст, аз таърих ва фарҳанги гузашта бештар истифода бурда шавад, зеро вазъияти баамаломада аз ҳаматарафа тақвият додани захираҳои ватанӣ вобаста аст.
Дар музокира профессорон Ф. Мирзоахмедов, В. Воҳидов, дотсент Х. Давлатов бо мақсади минбаъд пеш гирифтани роҳҳои илман асосноки илмӣ ва ба эътибор гирифтани мушкилиҳои рафъи шомилшавӣ дар мавқеъгирии Тоҷикистон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ андешаҳои худро баён карданд.
Саъдихоҷа Маъдиев,
котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»