Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мавқеи соҳибкории хурду миёна дар шароити муосир

Мавқеи соҳибкории хурду миёна дар шароити муосир

Бо ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи соҳибкорон кафедраи таҳлили иқтисодӣ рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ семинари илмӣ-назариявӣ гузаронид.
Бадриддин Музаффаров, мудири кафедраи мазкур семинарро оғоз карда, иброз дошт, бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис дода шудааст, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат медиҳад. Ҳамаи ин дастгириҳо барои рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.
Сипас донишҷӯёни курси 2, Умедаи Нуралӣ дар мавзӯи «Нақши соҳибкории хурду миёна дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ», Мироншоҳ Наботов дар мавзӯи «Ташаккули сармояи соҳибкорӣ» ва донишҷӯи курси 1 Марҳаматхон Саидова дар мавзӯи «Рушди ояндаи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир қайд гардид, ки соҳибкоронро зарур аст, ба хотири васеъ намудани фаъолияти худ ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчи бештар талош намоянд.


Хисрав Муҳиддинов