Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақоми зан дар рушди ҷомеа

Мақоми зан дар рушди ҷомеа

Давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидааст, метавонад ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ бошад, - ба чунин андеша омаданд иштирокдорони мизи мудаввар, ки рӯзи 13 октябри соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар мавзӯи «Мақоми зан дар рушди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» доир гашт.
Иштирокчиёни ҳамоишро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода хайра мақдам гуфта, ба кори он муваффақият хост ва нақши занонро дар рушди ҷомеа, устувории оила ва таълиму тарбияи фарзандон муҳим арзёбӣ кард.
Дар кори мизи мудаввар Қосимзода Идигули Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзӯи «Нақши занон дар амалӣ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» баромад кард. Зимни баромадаш Қосимзода И. аз ҷумла, қайд намуд, ки аз рӯи таҳлилҳо яке аз зуҳуроти ба солимии оилаҳо таъсиррасонанда ин риоя накардан ва ба танзим надаровардани расму оин ва одату анъанаҳои мардумист. Дар риояи анъананот, бешубҳа, нақши занон бориз ва ҳалкунанда аст.
Дар бораи тарғиби либоси миллӣ мавсуф андешаронӣ карда, афзуд, ки боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ бағоят муҳим буда, ба мо зарур аст, то ба ҷомеа ҳарчи бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем. Мутаассифона, бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллӣ ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта натавониста, сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд. Либос ҳамчун рукни фарҳанги миллӣ маҳсуб меравад, ки онро бояд ҳифз намуд, гуфт дар охир Қосимзода И.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин Аҳмадзода Дилноза, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавқеи зан дар ҷомеа ибрози андеша карда, гуфт, ки рисолати инсон дар зиндагӣ зистан, офаридан ва аз худ меросе ва ё нақше боқӣ гузоштан аст. Мерос фарзандон, нақш ободию созандагӣ ва дар ҷамъият шахси зарурӣ ва арзанда будан аст. Имрӯз занони мо ҳамчун силоҳу сипар бо донишу мавқеи муайянкардаи устувори хеш зери сиёсати пешгирифтаи оқилонаи Пешвои муаззами миллати мо бояд доимо дар пеш бошанд, гуфт Аҳмадзода Д.
Ҳамчунин шоира Рудоба Мустаҷобова баромад карда, қайд намуд, ки таърихи халқи тоҷик шаҳодати он аст, ки зан-модари тоҷик бо се хусусияти худ аз дигар занони ҷаҳон фарқ дорад. Зан-модари тоҷик дорои фитрати куҳистонист, дорои оқибати руҳонист, дорои шафқати яздонист, дорои ҳусну малоҳати осиёии хеш аст. Гузаштагони мо ба як ваҳдати назар омадаанд, ки зан-модари тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи сулҳу субот ва якдигарфаҳмист ва, хушбахтона, имрӯз ҳам зани тоҷик дар таҳкимбахшии ваҳдати миллӣ нақши меҳварӣ дорад, гуфт шоира ва дар охири суханаш бо як порча аз шеъри тозаэҷодаш табъи ҳозиринро шод намуд.
Дар мизи мудаввар, инчунин маърӯзаҳои Давлатмо Сафарова, мудири  шуъбаи кор бо занони ноҳияи Сино дар мавзӯи «Фаъолияти занони ноҳия дар 25-соли Истиқлолият», Одилзода Дилбар Раҳим, мудири маорифи н. Сино дар мавзӯи «Зан ва маорифи навин», Зарнигор Ҳимматова, эдвайзери тарбияи факултети молия ва қарзи ДМИТ дар мавзӯи «Мақоми зан дар пешбурди ҷомеа» шунида шуд.


Машҳура Абдуллоева