Хабарҳо

Умри забон бо умри миллат вобаста аст
Рӯзи 8-уми октябри соли равон бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Умри забон бо умри миллат вобаста аст» баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди забон ва риояи имлои забони тоҷикӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Нахуст декани факултет А. Нуралиев бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардид. Забони хушоҳангу зебо ва шевою шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё - Созмони Милали Муттаҳид бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд садо дода, шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.
Роҳбари гурӯҳи валантёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Салимзода дар мавзӯи “Забон ифтихори миллат” баромад намуда, афзуд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик имкониятҳои зиёдеро фароҳам овард. Аз он ҷумла, эҳё гардидани ваҳдату ягонагӣ, мавқеъ ва мартабаи баландро касб кардани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон маҳз бо шарофати мустақилият мебошад. Яке аз самараҳои истиқлолият мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикист.
Дар конференсия, инчунин роҳбари маҳфили стипендияҳои кумитаи мазкур Саъдулло Юсупов дар мавзӯи “Забони давлатӣ нишонаи давлатдорӣ” баромад намуда, андешаҳои худро доир ба забон баён сохт.
Сипас, намояндаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирҷон Урунов дар мавзӯи “Сиёсати давлат дар татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад ва қайд намуд, ки забон гаронбаҳотарин ихтирооти инсон аст, ки тавассути он одамон бо ҳам муошират мекунанд, бо зиндагии мардумони дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.
Гулмуродзода Ардашер, намояндаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бошад, зимни баромади хеш дар мавзӯи “Забон ҳастии миллат аст” изҳор дошт, ки забони тоҷикӣ ёдгории маънавии мо ба ҳисоб рафта, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои миллию давлатдории мо мебошад.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад, - афзуд ӯ.
Дар охир байни иштирокчиён муҳокима сурат гирифт.
Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм