Хабарҳо

Баррасии масоили рушди соҳибкорӣ
Ба муносибати Рӯзи соҳибкорон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ рӯзи 15 октябри соли равон дар донишкада конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Устувории фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ» доир гардид, ки дар он соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ширкат доштанд.
Зимни сухани табрикотиаш ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода дар бораи рушди соҳибкорӣ дар кишвар истода гузашт ва қайд намуд, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 фоизи ММД ба бахши хусусӣ рост меояд. Бо амалӣ гардондани барномаҳои гуногуни дастгирии соҳибкорӣ дар кишвар соҳибкорӣ рӯ ба рушд ниҳод. Агар дар соли 1997 ҳамагӣ 47 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекард, ҳоло бошад, зиёда аз 325 ҳазор соҳибкорон фаъолият мебаранд. Умуман, дар маҷмӯъ феълан дар кишвар субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба 274 ҳазор рост меояд, ки ин аз рушди соҳибкорӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишоф додани соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам меорад, аз ҷумла, эълон намудани моратория барои санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ, ташкили бизнес-инкубаторҳо, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии бахши хусусӣ ва давлат», ташкили Фонди соҳибкорӣ, номбар кард ректор.
Баъдан соҳибкори покистонӣ аз ҶДММ «Қурбон текстил» Саид Даҳир Аҳмад Гилонӣ ва муовини директори ҶСП «Тоҷиквнештранс» Наврӯз Халилов дар бораи фаъолияташон дар назди ҳозирин каме маълумот доданд.
Дар маърӯзаҳои Музаффаров Б.С., мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ – «Дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисодӣ» ва Умедаи Нуралӣ, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таҳлили иқтисодӣ – «Нақш ва мавқеи соҳибкории хурду миёна дар шароити иқтисоди бозорӣ» барои рушди соҳибкорӣ чанд пешниҳоди судманд карда шуд, аз қабили ташкили низоми содатари бақайдгирии субъектони хоҷагидорӣ, таъмини иттилоотии соҳибкорӣ, яъне созмон додани сомонаҳои мубодилаи иттилоот ва форумҳои электронӣ, истифодаи технологияҳо ва таҷҳизоти инноватсионӣ, ташкили бонкҳои соҳавӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок ва ғайраҳо.
Инчунин гуфта шуд, ки соҳибкорӣ фаъолияти иқтисодии соҳибкорон, санъат ва қобилияти онҳо баҳри ба даст овардани ҳаҷми зиёди фоида, таъмин намудани дараҷаи баланди даромаднокӣ мебошад. Инкишофи соҳибкорӣ дар шароити иқтисодиёти кушода ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо молу хизматҳо оварда мерасонад. Рушди соҳибкорӣ дигаргунсозии сохтории иқтисодиётро фаъол гардонида, ба ҷорӣ намудани комёбиҳои илмӣ-техникӣ ҳавасманд ва ба ҳаматарафа баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот мусоидат мекунад.
- Ба таҷрибаи байналхалқӣ такя карда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар ягон давлат соҳибкории муосир бе танзим ва дастгирии давлатӣ тараққӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, солҳои охир дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкори ватанӣ тадриҷан афзоиш ёфта, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии мамлакат ба соҳибкорони ҷавон беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст,- хулосабарорӣ карда шуд дар маърӯзаҳо.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ чанд нафар донишҷӯ, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» иштирок ва ғолиб омада буданд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд, аз ҷумла Ҷовидон Халифаев, Нилуфар Амонова, Фаридун Иноятов, Шарофат Халилова, Аюбҷон Саидов, Ҷумъахон Булбулов, Саидабону Саидмаҳмадова, Сулаймон Ҷумъаев.
Боиси шодмонист ва дар ин бора иттилоъ дода будем, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ғолиби озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» эълон гардид. Дар ин ҷамъомад Ҷом ва Дипломи он муаррифӣ гардида, бо ин дастовард ректори донишкада омӯзгорону донишҷӯёнро муборакбод ва кӯшишу ташаббусҳо барои дастёбӣ ба музаффариятҳои навинро таманно намуд.
Машҳура Абдуллоева