Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Навоварон ва ихтироъкорони ДМИТ

Навоварон ва ихтироъкорони ДМИТ

Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо миёни наврасон ва ҷавонони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои манотиқи кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти унвони «Қадам ба сӯи фардо» эълон карда буд. Озмуни мазкур аз моҳи май то октябри соли 2016 давом ёфта, беҳтаринҳо дар натиҷаи баҳогузорӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян карда шуданд.
Озмун санаи 14 октябри соли 2016 дар бинои Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардид.
Дар он наврасон ва ҷавонон аз манотиқи гуногуни кишвар ширкат варзида, лоиҳаҳои худро вобаста ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кимиё, тиб, механика, физика, байторӣ, металлургия, гармидиҳӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо, дар маҷмӯъ 76 лоиҳа ба аъзои ҳакамон пешниҳод карданд.
Боиси ифтихор аст, ки аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 7 нафар донишҷӯ, аз ҷумла Ҷовидон Халифаев, Нилуфар Амонова, Фаридун Иноятов, Шарофат Халилова, Аюбҷон Саидов, Ҷумъахон Булбулов, Саидабону Саидмаҳмадова дар ин озмун ширкат варзиданд ва бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин барои пешниҳоди лоиҳаи инноватсионии коркарди намак дар мисоли ҶСК «Хоҷа-Мумин»-и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон донишҷӯи курси якуми донишкада, марҳум Тағоев Ҷамшед ва роҳбари илмиаш дотсенти кафедраи суғурта Маъдиев Саъдихоҷа, бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ин дастоварди аввалини донишҷӯён нест, онҳо моҳи июни соли равон низ дар озмуни ҷумҳуриявии «Навоварони беҳтарин», ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуда буд, бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ иштирок карда, соҳиби Ифтихорнома ва Диплом гардиданд.


Хисрав Муҳиддинов